ХАБАРИ ДОҒ

Шайх Темур озод мешавад?

  • Панҷшанбе, Авг 25 2016

Мавлудхон Салихов, ҳомии ҳуқуқҳои Саидмаҳдихон Сатторов, маъруф ба “Шайх Темур” гуфтааст, ки бар асоси қонуни нави амнистия имкон дорад, зерҳимояаш ба озодӣ барояд.  Салихов дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, моддаҳое, ки тибқи онҳо Шайхро гунаҳкор карданд, шомили қонуни афв мебошад: “Сатторов ба он ҷиноятҳое, ки тибқи ин қонун афв намешаванд, маҳкум нашудааст, яъне терроризму экстремизму ба мисли инҳо. Дуюм, дар қонун гуфта шудааст, ки он нисбати афроди аз 55-сола боло татбиқ мешавад”.

 

Хотиррасон мекунем, ки Суди олии Тоҷикистон 8.07.2015 Саидмаҳдихон Сатторовро бо иттиҳоми дузанагӣ, таҳқири ҷасади фавтидаҳо-несту нобуд ё касиф кардани қабристон, тамаъҷӯӣ ва чанд ҷинояти дигар 16 сол равонаи зиндони низомаш шадид кард. Аз ин муҳлат ӯ ҳоло 1 солу 6 моҳро паси сар кардааст. Номи Шайх баъди он маъруф шуд, ки Шабакаи 1-и ТВ Тоҷикистон шоми 6.02.2015 филми мустанадеро бо номи “Ривояти Шайх Темур” намоиш дод. Дар он Сайидмаҳдихон Сатторов дар мардумфиребӣ муттаҳам мешуд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter