Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, дар 1 ҳамоиши шаҳри Санкт-Петербург аз теъдоди зиёди номзадҳо ва докторҳои илм дар Тоҷикистон дар ҳайрат шуда, гуфтааст, ки бояд ин рақамҳо санҷида шаванд. Ба гуфти ӯ, танҳо дар соли гузашта дар Донишгоҳи миллӣ ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон 80 рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя шудааст: “Ҳеҷ чизи бад гуфтанӣ нестам, вале ҳамчун факт баён мекунам. Аз рӯи шумораи додани унвонҳои илмӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон дар ҷойи аввал ва дувум ҳастанд. Дар соли 2015 дар ҳар яке аз ин донишгоҳҳо 40 рисолаи номзадӣ ва докторӣ ҳимоя шудааст. Сари ин масъала фикр бояд кард”.