Худи Раҳимҷон Азимов дар саҳфаи Фейсбукияш навиштааст, ки аз «Единая Россия» аксарият пуштибонӣ намуда овоз додаанд ва ин худ далели он аст, ки ҳизб тавонистааст 1 тими ҳирфаиро таъсис диҳад ва ҳамакнун мақсади ягонаи ҳамаи мо ин саъю талош намудан барои беҳбудии шаҳрвандони вилояти Киров мебошад».
Раҳимҷон Азимов 16.08.1964 дар шаҳри Исфара, дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Падари ӯ иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аст. Ӯ Институти кӯҳкории шаҳри Ленинград ба номи Плехановро аз рӯи ихтисоси «технология ва механизатсияи комплексии истихроҷи зеризаминии канданиҳои фоиданок» хатм кардааст. Пас аз итмоми таҳсил Раҳимҷон фаъолияти кори хешро аз иттиҳодияи «Воркутаугол» ва шахтаи «Воркутинская» оғоз менамояд.
Солҳои 1994 – 1996 ӯ вазифаи намояндаи тиҷоратии Ҷумҳурии Комиро дар Маскав ба зимма дошт, сипас ба ҳайси ҷонишини намояндаи ҳамешагии Ҷумҳурии Комӣ дар назди Президенти ФР ва директори иҷроияи Бунёди Шимолӣ – минтақавии барномаҳои президентӣ буд. Солҳои 2002 – 2003 Раҳимҷон Азимов узви Шӯрои Федератсия буда баъдан барои кор ба Кумитаи давлатии ФР оид ба назорати маводи мухаддир ва моддаҳои психотропӣ гузашт. Он солҳои рутбаи полковники политсияро низ гирифт.
Раҳимҷон Азимов соли 2002 АКадемияи дипломатии ФР хатм намуда соли 2004 кори доктории хешро дар Донишгоҳи кӯҳии Санкт – Петербург ҳимоя намуд. Вай соли 2011 Донишкадаи корҳои дохилии Санкт – Петербургро хатм карда доктори илмҳои техникӣ мебошад. Дар интихоботи парлумонии соли 2000 Раҳимҷон Азимов шахси бовариноки президенти ФР Владимир Путин буд.
Раҳимҷон Азимов соҳиби оила ва 3 фарзанд мебошад.
СССР