Чуноне ки сомонаи расмии ВКХ ҶТ иттиллоъ медиҳад, зимни сӯҳбат Алӣ Рифат Кёксал ва Сироҷиддин Аслов ҳолат ва дурнамои густариши муносибатҳои Тоҷикистон ва Туркия дар арсаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию башарӣ баррасӣ намуда ҳамчунин зарурати ҳамкориҳои фаъолтари 2ҷониба дар соҳаҳои амният ва мубориза алайҳи чолишу хатарҳои замони муосир таъкид карданд.
Дар навбати хеш сафир итминон дод, ки ҷиҳати таҳким ва тавтеаи беш аз пеши равобити судманди 2 ҷониба дар ҳамаи арсаҳои ҷавобгӯи манофеи 2 кишвар ва мардумони онҳо талош хоҳад варзид.
СССР