ХАБАРИ ДОҒ

Кӯҳистони Мастчоҳ пойбанди муллоҳост?

  • Ҷумъа, Нояб 04 2016

Салом, СССРи гиромӣ ва мардумӣ! Кӯҳистони Мастчоҳи мо бо доштани 20 соли таърихи мавҷудият, инчунин дорои 100 мушкилоти иҷтимоист. Мисол, ҳамин дирӯз вақте барои аёдати беморе ба беморхонаи марказии ноҳия рафтам, беморон аз сардӣ дир-дир меларзиданд, палатаҳо ба ҳадде хунук, ки ҳини суханронӣ аз даҳон ҳавл мебарояд. Зеро барқ нест! Барқро бо лимит медиҳанд: дар 1 рӯз 4-5 соат! Инчунин дарак ёфтам, ки дар ин беморхона барои таваллуд кунонидани 1 зани ҳомиладор аз 700 то 1000 сомонӣ меситонанд!!! Хуб, биёед, мушкилоти ноҳияро аз рӯи тартиб барчинем:

 

1.Мастчоҳи Кӯҳӣ варзишгоҳи марказӣ надорад!

2.Ҳамон корхонаи адрасбофие, ки ҳини сафари президенти кишвар-Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия ба истифода доданд, он на истеҳсолӣ, балки таълимист. Яъне он гузорише, ки мо дар ТВ роҷеъ ба истеҳсолоти корхонаи мазкур дидем, аслан дурӯғ аст ва ягон чӣ истеҳсол намекунад.

3.Барои 25.000 аҳолии ноҳия ягон дӯкони газетаву маҷаллафурӯшӣ нест!!! Пас мо чӣ хел дар бораи саводнокии ҷавонон-ояндаи миллат ҳарф мезанем???

4.Дар қаламрави ноҳия бозори марказӣ вуҷуд надорад! Ягон сартарошхона ва дӯкони пойафзолдӯзӣ нест, ҳаммом нест, ягон ошхонаи дуруст ва ҳатто чойхона ҳам нест!!!

5.Сокинони ноҳия 1 халта ордро дар 150 кг картошка иваз-бартер мекунанд, зеро пули нақд надоранд.

6.Ноҳияи мо хатсайри мусофиркаш надорад ва таксиҳо дар 1 ҳафта ҳамагӣ 1-2 бор ба самти шаҳри Душанбе мераванд, зеро роҳҳо харобу валангоранд! Дар натиҷа мардум тамоми озуқаро бо нархи гарон (2-3 баробар қимат) агар пул нақд дошта бошанд мехаранд, агар не, бартер!!!

7.Беморхонаи марказӣ ёрии таъҷилӣ (скорая помощь) надорад ва ҳар бемор худаш мошин заказ мекунад, агар мошин ёбад. Бемор дар сурати вазнин шудани саломатиаш аниқ мемурад, зеро кӯмаки оҷил нест!!! Ин дар ҳолест, ки сардухтури беморхона-Идиев Абдураҳмон дар ш.Хуҷанд хона дораду зиндагиаш 100%! 

8.Дар Кӯҳистони Мастчоҳ ҳама ҷонибдори рӯҳониён аст, ҳатто мақомоти қудратӣ аз онҳо метарсанд! Мисле, ки муллоҳо мақомотро бар худ афсун карда бошанд ва ин аст, ки мо ҳич хел нерӯи мақомоти қудратиро бар зидди фанатизми исломӣ эҳсос намекунем. Муҳит исломӣ шудааст ва ҳатто нафаскашии мо исломист!!! Ин буд, ки имоми деҳа-Ёқубов Ҳодихоҷа аз ҷанозаи писари муаллим-Ноёбшо Ҳасанов сар печид ва ин 100% воқеият аст! Дурӯғ нест! Вокуниши раиси ноҳия-Муҳаммадҷобир Раҷабзода дар робита ба мақолаи «Ҷанозаи писари муаллимро нахонед!» (СССР, №29, 21.07.2016) 100% дурӯғ аст! Ва муаллим-Н.Ҳасанов низ аз тарс ва зери фишори мақомоти ноҳия баёнот навиштааст, зеро ӯро тарсонидаанд! Вагарна тамоми деҳа аз ин қазия огаҳанд!!! Назаров Нарзулло, оне, ки ҷасади писари муаллимро мешӯяд ва падараш Муллорӯзӣ, ки аз ноилоҷӣ писари муаллимро ҷаноза мехонад, онҳо низ аз тарс ва фишори мақомоти қудратии ноҳия дар баёноташон амали худро инкор кардаанд!!!

9.Почтаи давлатӣ умуман кор намекунад! Агар мабодо ягон мактуби шикоятӣ ба «боло» (ба президент, ба Дастгоҳи президент) нависед, номаи шумо ҳич гоҳ аз қаламрави ноҳия берун намеравад...

10.Дар 2 моҳ мубталоёни бемории зардпарвин фақат дар 2 деҳаи ноҳия-Валеғунд ва Устошон қариб 100 нафар шудааст. Сабаби афзоиши зардпарвинро сардухтури ноҳия ба нӯшидани ифлосии об нисбат дод. Аз 1 оилаи Ашӯрмаҳмад-корманди маорифи ноҳия, 5 нафар ба ин беморӣ гирифтор шудааст. Ҳамаш 1 тараф, барои пешгирии зардпарварвин дар қаламрави ноҳия ягон хел саъйю талош аз ҷониби Ҳукумати ноҳия ва ҳам Ҳукумати вилоят дида намешавад.

Ғозибеки Авазиён,

муаллим, н.Кӯҳистони Мастчоҳ, тел: 92 811 85 97

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter