Чуноне ки ба СССР аз дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, 11.11. 2016 дар доираи баргузории Намоиши байналмилалии «Рассомон барои сулҳ» таҳти унвони «Дурдонаҳои Роҳи абрешим», ки дар пойтахт баргузор шуд, Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Бунёди “Роҳи абрешим” –и Ҷумҳурии халқии Хитой ҷаноби Шао Чанчун ва Мушовири раиси Ҷумҳурии халқии Хитой оид ба масъалаҳои бехатарӣ ҷаноби Ченг Гуопингро бо ҳайати меҳмонон ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот бо сипосгузорӣ аз пазиройии самимӣ ҷаноби Шао Чанчун ба Маҳмадсаид Убайдуллоев мужда расонд, ки шаҳри Душанбе барои таъмини суботу оромӣ, амнияту ҳамзистии осоиштаи қишрҳои ҷомеаву адён, гуфтугӯи тамаддунҳо ва рушди бомароми иқтисодию иҷтимоӣ бо Ҷоизаи мазкур сарфароз гардонида шуд ва умед аст, ки дар ин самт шаҳрдории Душанбе ва сокинони он, минбаъд низ иқдомоти беназири оламшумул анҷом медиҳанд.
СССР