Дар ҳақиқат, агар вазъи минтақаро ҷиддӣ баррасӣ кунем, хулосае ҳосил мешавад, ки «мусаллаҳшавӣ»-и кишварҳои Осиёи Миёна, болотар аз ин, пайдо шудани пойгоҳи низомии кишварҳои абарқудрати ҷаҳон, чӣ Русия ва чӣ ИМА-ву Ғарб дар сиёсати хориҷии мамолики минтақа 1 қатор нофаҳмиву душвориҳоро ба бор меорад.
Пайдоиши нерӯҳои низомии Русияро Эрон шояд то ҷое таҳаммул кунад, аммо гумон аст, ки он ба Чин хуш ояд. Нерӯҳои ғарбиро бошад дар Осиёи Миёна на Чин қабул дорад, на Эрон. Ба ғайр аз кишварҳои номбаршуда ба минтақа Ҳиндустону бархе аз мамолики ғарбӣ низ метавонанд «нигоҳи дигар» дошта бошанд. Таҳлилгарони рус дар робита ба вазъи баамалома мегӯянд, раҳбарони кишварҳои Осиёи Миёна аз ҳузури онҳо суистифода кардан мехоҳанд. Яъне бо ин ки нерӯҳои низомии Кремл дар Қирғизистону Тоҷикистон ҷой доранд, раҳбарони ин кишварҳоро то андозае осуда кардаасту дар замина онҳо «савдо»-и худро бо кишварҳои ғарбӣ низ давом медиҳанд. Раҳмону Атамбоев, ба қавли коршиносони кремлгарои рус, гӯё мутмаинанд, ки ҳузури нерӯҳои низомии рус нерӯҳои низомии ғарбиро аз «нияти ҷиддӣ» ба ин кишварҳо дар масофа қарор медиҳад. Аз ин хотир, дар доираҳои русӣ ин баҳс ҳам матраҳ аст, ки ҳузури онҳо «кафолати пойдории ҳукуматҳои Душанбеву Бишкек мебошад». Дар робита бо «хурӯҷи баҳорӣ»-и гирдиҳамоиҳо дар Қирғизистон, ҳоло гуфта мешавад ин 1 навъ санҷиши бақои ҳукумати Атамбоев аст, ки бояд маълум кунад, ахиран рӯ ба Кремл шудааст, ё Вашингтон?
Диллемаи хеле мушкил, ки замоне 2 президенти қирғиз-Акаев ва Боқиев дар ҳалли он ба мушкил гирифтор гашта, ахиран аз тахт поин ва аз мамлакат берун шуданд…
Дар маҷмӯъ, хулоса кардан мумкин аст, ки сиёсати дарҳои бози аксари кишварҳои минтақа ба тактикаи хоси идома додани қудрат дар дасти элитаи феълӣ табдил ёфта, дар худ пояҳои мустаҳкам надорад. Дар асл «умри дароз»-и ин ҳукуматҳоро имкон дорад аз баланси ҳанӯз то охир вайроннашудаи абарқудратҳо ҷустуҷӯ намуд…
Русия ҳам «умри дароз» мехоҳад…
Кремл дар ҳоле мухолифи дар Осиёи Миёна пойгоҳ сохтани кишварҳои ғарбӣ ва аз тариқи ин минтақа убур кардани нерӯ ва аслиҳаи низомии НАТО аст, ки 9 феврали соли равон аввалин таҷҳизоти нерӯҳои бритониро аз Афғонистон тавассути пунки транзитии Уляновск худаш бадар намуд. Хотиррасон мешавем, ки соли гузашта, ҳанӯз замони дар ин бора ният кардани Кремл, коммунистҳои рус сару садои зиёд пароканданд. Онҳо аз тариқи Уляновск – зодгоҳи Ленин берун бурдани таҷҳизоти НАТО-ро таҳқири миллат номиданд. Ин ҳамон шабу рӯзе буд, ки бархе аз доираҳои қирғизӣ ҳам русҳоро ба «баднафсӣ» муттаҳам карданд. Ба қавли онҳо, Кремл кишварҳои минтақаро «аз 1 нола нонашон» маҳрум карда, мехоҳад ба ивази берун кардани нерӯҳои ғарбӣ аз тариқи қаламрави худ маблағҳои зиёд ба даст биёраду мамолики камбизоати Осиёи Миёнаро аз ин ҳақ маҳрум созад. Вале Кремл ин баҳсҳоро ҷиддӣ нагирифт, зеро ниятҳояш ҷиддитар аз онанд, ки мегӯянд. Бубинед, замони аз Уляновск бадар кардани таҷҳизоти бритониёӣ, вақте Маркази таҳқиқоти стратегӣ ва байналмилалии «ИМА ва Осиёи Марказӣ пас аз соли 2014» мехост ҳамаро итминон бидиҳад, ки баъди бурунрафти нерӯҳои НАТО аз Афғонистон, таваҷҷӯҳи амрикоиҳо аз Осиёи Миёна коҳиш меёбад, русҳо онро ҷиддӣ нагирифтанд. Ҳатто замоне, ки амрикоиҳо дар бораи на аз тариқи Тоҷикистону Қирғизистон, балки аз тариқи фурӯдгоҳи Чимкенти Қазоқистон, фурӯдгоҳи Степанакерти Қаробоғи Кӯҳӣ, пунктҳои логистикии Ӯзбекистон ва Қазоқистони Ҷанубӣ сӯҳбат кардан хостанд, дар Кремл инро «усули азхуддуркунӣ» (отвлекаюший маневр) ҳисобиданд, на беш аз ин. Ҳарчанд пеш аз ин, 8 феврал, Путин президенти қазоқ Назарбоевро ғайриинтизор ба назди худ хонда, «қазияи Бойконур»-ро хеле ҷиддӣ баррасӣ кард. Тибқи таҳлилҳои аввалия дар ин баҳс Остона феълан худро ғолиб медонад, зеро ба «баррасии дубора» дар бораи созишномаҳои қаблан басташуда муваффақ шудааст. Аз ҳамин хотир, тарси русҳо дар ин бора, ки Душанбе ҳам шояд созишномаи барои 30 сол басташударо барои пойгоҳи низомиаш бознигарӣ мекунад, шояд ҷо дошта бошад. Аммо инро поини кор гуфтан имкон надорад. Зеро Русия Осиёи Миёна ва Қазоқистонро усулан ҳавзаи зери нуфузи худ медонад. Бинобар ин, барои истифодаи танҳо аслиҳаи русӣ дар нерӯҳои низомии ин кишварҳо ва ҳузури фақат нерӯҳои ҳарбии худ дар минтақа тамоми корҳои имконпазир ва аз имкон берунро истифода мебарад.
«Ҳуҷум»-ҳои нафтӣ…
Ҳадафҳои Кремл дар Осиёи Миёна барои бисёриҳо маълум аст. Русҳо газу нафти минтақаро бо арзиши на чандон баланд харидорӣ карда, ба кишварҳои ғарбӣ ба фурӯш мегузоранд ва аз ин ҳисоб даромади хубе ба даст меоранд. Нафту гази худро бошад, барои истифодаи дохилӣ масраф мекунад.
Аммо ИМА ва Ғарб чӣ?
Онҳо ҳам аз ин «ғуломии нафту газӣ»-и Русия халос шудан мехоҳанд. Аз хотир набароред, ки чанд сол пеш ҳини рӯ задани қазияи Русия бо Украина тақрибан нисфи Аврупо бе газ монд. Аз ин рӯ, талош менамояд лӯлаҳои газу нафти Осиёи Миёнаро бо роҳи берун аз Русия ба хоки худ кашанд. Чин ҳам ин имконро аз даст додан намехоҳад ва ҳоло бо Туркманистону Қазоқистон ва Ӯзбекистон созишномаҳое бастааст, ки интиқоли нафту газро ба хоки худ таъмин мекунад. Чанд вақт пештар хабарҳое ҳам аз Душанбе пароканда шуданд, ки барои кашонидани гази Тоҷикистон низ гуфтушунидҳо идома доранд…
Дар замина, ҳоло ками одамон бовар мекунанд, ки ИМА ва Ғарб танҳо ба хотири демократия ва ҳуқуқҳои инсон ба ин минтақа ва кишварҳои дигар «сар мехалонанд». Хоса пас аз ҳаводиси иттифоқуфтода дар Ироқ, Афғонистон, Либия ва кишварҳои дигари мусулмонӣ, ки заминҳои нафтхез доранд. Баъди ин дар сиёсатшиносӣ мафҳуми наве пайдо шуд – «демократияи нафтӣ».
Воқеан, дар бораи нафту газ ва …Тоҷикистон.
Таваҷҷӯҳ кардед, ки чун баҳси абарқудратҳо дар кишвари мо ба муаммо табдил меёбад, мавзӯи «заминҳои аз нафту газ пури Тоҷикистон» ҳам ба миён меояд?
Ба ҳар сурат, маҳз дар чунин ҳолатҳо ин ё он ширкати истихроҷи нафту газ, ки аслан ё русианд, ё амрикоӣ, аз кашф ё дақиқ шудани захираҳои бузурги нафту гази Тоҷикистон хабар медиҳад. Чанд рӯз пеш чунин эълон аз тарафи «Газпром International» садо дод. Расонаҳо ба нақл аз Ҷумъақодир Акенеев, сарвари Анҷумани нефтрейдерҳои Қирғизистон, навиштанд, ки «Газпромнефт» дар шахси «Газпром International» дар Тоҷикистону Қирғизистон 3 конро ошкор кардааст, ки ҳудуди 11 млн метри мукааб газ доранд. Дороии нафтии моро ба дараҷае тавсиф карданд, ки гӯё ин гуна захираҳо ҳатто дар Туркманистону Ӯзбекистон ҳам нест. Аммо чанде нагузашта «Газпром International» аз ин иттилоъ изҳори бехабарӣ кард. Пеш аз ин, моҳи июли соли гузашта ширкати Tethys Petroleum ҳам эълон дошта буд, ки танҳо дар ҳудудҳои таҳти назораташ дар Тоҷикистон захираҳои нафту газ баробар ба 27, 5 млрд баррели нафтӣ - 69% газ ва 31% нафт аст. Дар ҳоле, ки ба иттилои расмӣ захираҳои нафту гази Тоҷикистон баробар ба 1 млрду 33 млн баррели нафтӣ аст, ки қисмати асосиашро газ ташкил мекунад.
Оё чунин «воҳимаҳои нафтӣ» аз чӣ дарак медиҳанд?
…Пеш аз ҳуҷуми Эрон
Гап сари ин меравад, ки ИМА ба ғайр аз масоили нафтӣ, мушкили дигар ҳам дорад – Эрон. Ин кишвари ҳамзабону ҳамдини мо, ки низ захираҳои бузурги нафту газ дорад, бо ин ки ба 1 қудрати низомии минтақавӣ табдил меёбад, ба дарди сари ИМА ва Ғарб табдил ёфтааст, ки метавонад нақшаҳои ояндаи онҳоро дар ин минтақа ба бод диҳад. Аз ин хотир, бо ҳар роҳу васила мехоҳанд Теҳронро ба зону шинонанд. Чизе, ки то ҳанӯз ҳосил нашудааст. Маълум аст, ки то замони «машғул шудан» ба Эрон, бояд Исроилро таҳти иғво қарор дода, бар зидди Эрон шӯронд. Барои Русияро машғул доштан, мебояд вазъияти Осиёи Миёнаро муташанниҷ кард. Бояд авзои Балуҷистони Покистон ва навоҳии сарҳадиро таҳрик дод, то имконоти кӯмаки Чин низ бартараф гардад...
Ба иҷро расонидани ҳар кадоме аз ин вазифаҳо кори осон нест ва фурсати зиёде мехоҳанд. Натиҷаҳояш низ то охир пешгӯинашавандаанд.
Пас гуфтан мумкин аст, ки такя кардани нерӯҳои ғарбӣ ба Ӯзбекистон дар марҳалаи имрӯза аз ҳамин зовия бармеояд. Таври маълум, дар «стратегияи афғонии» ИМА ва Ғарб, Ӯзбекистон танҳо нақши қалъаи аввали зидди толибонро надорад, ки ба Осиёи Миёна равонаанд. Баръакс, ба назар мерасад, ки Тошканд бо талошҳои пайгиронаи Каримов худро ба ҳайси иштирокчии фаъоли банизомдарории Афғонистон пас аз хурӯҷи НАТО муаррифӣ карданист (Таваҷҷӯҳ кунед, ки миёнаравии ҳалли «қазияи Эрон»-ро ба дӯши Қазоқистон гузоштаанд ва чанде пеш дар Остона дар ин маврид нишасте ҳам баргузор гардид. Ба таври дигар, «оқсақолҳо»-и минтақавӣ дар симои Остонаву Тошканд пайдо шудаанд. Оё бесабаб?).
Коршиносон мегӯянд, ин сенарияи эҳтимолиеро мемонад, ки барои дар шимоли Афғонистон ташкил намудани камарбанди амниятӣ мусоидат мекунад. Зеро, дар ин сурат, минтақаҳое, ки дар онҳо ӯзбекҳои этникӣ бо қумандонҳои саҳроии тоҷик аз минтақаҳои пуштунишин бартарӣ доранд, ҷудо мегардад. Гӯё ҳамааш дуруст аст, агар 1 чиз истисно шавад: нақши асосиро дар сохтори шимолӣ Тошканд хоҳад бозид!
Дигар маълум аст, ки дар ин минтақа афзалияти сиёсиву низомӣ низ ба қаноти ӯзбекии нерӯҳои Эътилофи Шимол дода мешавад. Маълум, ки инро тоҷикон, ки то имрӯз асоси ин эътилофро ташкил медиҳанд, қабул карда наметавонанд.
Дар он сурат чӣ ҳосил мешавад? Ҷанги байни ӯзбеку тоҷик!
Аммо ин нақша то куҷо амалишаванда аст, аз омилҳои бисёре вобастагӣ дорад. Аз ҷумла, аз ин ки аз аслиҳаи ба Тошканд фурӯхта ё вогузоштаи кишварҳои НАТО чӣ миқдораш дар Мазори Шариф боқӣ мемонанд, ё ба он ҷо аз Ӯзбекистон интиқол дода мешаванд?
Душанбе ва тоҷикон дар ин сурат метавонанд ба Кремл ва аслиҳаи русӣ такя кунанд. Яъне интиқол додани аслиҳаи русӣ ба шимоли Афғонистон барои тоҷикҳои этникӣ!
Эҳтимол талаби аслиҳа зимни гуфтушунид бо русҳо аз ҷониби Душанбе аз ҳамин зовия бармеояд.
Пас Кремл дар бораи кадом Душанбеи рӯ ба Ғарб сӯҳбат мекунад?