Россия ни причем!
Бисёриҳо худмухтории Бадахшонро ба Русия нисбат медиҳанд, ки гӯиё маҳз Империяи Рус ин статусро ба онҳо додааст. Фикри куллан хатост. Дар худмухтории Бадахшон инглисҳо ва амири қавми манғитияи Афғонистон саҳмгузоранд, ё худ ба қавле кадом 1 аҷнабӣ ё қипчоқӣ аз ноилоҷӣ ба хотири нигоҳдории ҳокимияташон номи ба мо бегона, яъне худмухториро ҳадя карданд. Таври маълум, дар асри 19 Кӯҳистони бузурги Помир ба 2 қисмат ҷудо мешуд:
яке Помири Ғарбӣ, ки мулкҳои Тоҷикнишини Вахон, Шуғнон ва Рушонро дар бар мегирифт, дигаре Помири Шарқӣ, ки тоифаҳои кӯчии қирғиз сукунат доштанд.
Ба гуфти аллома Б.Ғафуров «маҳз шӯриши тоҷикони Шуғнон амири Афғонистонро маҷбур кард, ки баъзе тадбирҳоро ба кор барад. Ӯ назди шуришчиён қосид фиристода, «Сулҳи ифтихорӣ» пешниҳод кард ва барои ҷорӣ намудани худмухторӣ замонат дод… Дар ҳамон шароит тоҷикон ғайр аз қабули ин шартҳо илоҷи дигар надоштанд».
Дидед, ки муаллифи мухторияти Бадахшон кист? 1 афғон! Ана ҳамин моҷаро сабаб шуд, ки баъди ғалабаи болшевикҳо ва таъсиси РСС Тоҷикистон вожаи «мухтор» ба Бадахшон часпад....
Хатои афғонро ислоҳ бояд кард!
Ин гуфтаҳо моро водор мекунад, ки хурофоту урфу одатҳои бегонаро решакан карда, душманони миллатро фалақ бикашем. Тоҷикро дар хонаи худ мусофир карда, моҳирона ба мухтору бе мухтор ҷудо кардаанд, то ки аҷнабиён миллати моро ба ҳар гуна хархаша кашида битавонанд. Алҳазар аз ин ниятҳои ғаразноки пасипардагии аҷнабиён. Себи нифоқе, ки аҷнабиёни англису афғон ба боғи ватани мо шинондаанд, чаро то ҳанӯз самар орад? Магар бо чашми сар намебинему бо гӯш намешунавем, ки ин статус чӣ қадар сарҳои каммағзро гарм карда истодааст? Пас, оё соате нарасидааст, ки Тоҷик дар ватани худ автоному мухтор не, балки соҳибватан гардад?
Дар охир 1 қиссаи клоссикӣ: Мирсаид Миршакар чунин ҳолатҳоро дида, дар 1 асараш қайд мекунад: «1 бойе хизматгоре доштааст бо номи Атобек. Рӯзе бой хизматгорро даъват карда мегӯяд, номи ту минбаъд Ато. Ӯ розӣ мешавад. Баъди чанде боз хизматгорро даъват карда мегӯяд, «номи ту хело дароз аст, зеро ҳангоми номи туро гирифтан вақтам зоеъ мегардад, зимнан аз ин баъд номи ту То». Бо ҳамин номи ӯ То мешавад...
Оре, моро тавонистанд ана ҳамин хел тақсим кунанд, бурриданд, ҳазф сохтанд, кам намуданд, вале надонистанд, ки бо ин гуна ҷоҳилият оқибат зери хок мераванд ва ҳам рафтанд. Бигзор референдум гузаронида шавад. Бовар дорам, аксарияти кулли бадахшониҳо худашон низ аз ин часпаки автономия безоранд ва онро худашон мебардоранд. Мо Метавонем!
Бо эҳтиром Сафаров Талбони Мункӣ,
собиқадори мақомоти прокуратура, н.Вахш