ХАБАРИ ДОҒ

Дари раис барои журналистон боз аст!

  • Чоршанбе, Янв 11 2017

Раиси шаҳри Панҷакент-Ислом Зиёзода, ба ҳама роҳбарони корхонаҳо хитоб намуд, ки рӯзноманигоронро қабул кунанд ва ба саволҳояшон посух гӯянд. 

 

- Журналистон ҳам мисли мову шумоянд, чаро қабул намекунед? Мансаб доимӣ нест! Маълумотҳои лозимаро диҳед. Маҳз бо навиштаҷоту пешниҳоди рӯзноманигорон чандин мушкили мардум ҳаллу фасл гардид. Масалан мардум барои имтиҳонсупорӣ ва гирифтани ҳуҷҷати ронандагӣ ба Истаравшан мерафтанд. Ё барои гирифтани як хулосаи экологӣ ба шаҳри Хуҷанд чанд рӯз овора мешуданд. Имрӯз ин мушкилот ҳал гардид ва сокинони Панҷакент, аз ҳамин ҷо метавонанд ҳам хулосаи экологиро гиранду ҳам ҳуҷҷати ронандагиро - гуфт раис. Ӯ иброз дошт, ки дари ман барои рӯзноманигорон ҳамеша боз аст ва кай вақте бошад ман онҳоро қабул мекунам.

Хуршед Фозилов

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter