20 феврал 1 гурӯҳи мухолифи мусалмонон, тақрибан 25 нафар, дар боғи Стромовкаи шаҳри Прагаи Чехия бо 1 тазоҳурот чанд китоби "Қуръон” ва ҳам Қонунҳои асосии Чехия ва Словакияро оташ заданд. Ин тазоҳурот ба нишони эътироз ба боздошти Адриана Мелекова-фаъоли ҷумбиши зидди мусалмонон дар Словакия буд. Мелекова ҳафтаи гузашта 1 навори видеоиро нашр кард, ки дар он лаб ба таҳқиру дашноми пайравони дини Ислом кушода, болои китоби "Қуръон” пешоб кард ва сипас Қуръонро оташ зад. Алайҳи Мелекова дар Словакия бо иттиҳоми барангехтани низоъ ва адовати милливу нажодӣ ва мазҳабӣ ва нашри маводи ифротӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд ва ба ӯ то 6 соли зиндон таҳдид мекунад. Томаш Гулан, сухангӯи пулиси Чехия ба матбуоти маҳаллӣ гуфтааст, дар ин кишвар дар мазҳари ом сӯзондани китобҳои мазҳабӣ ва ҳар китоби дигар ҷиноят шумурда намешавад.