Имрӯз, 27.02.2017 дар толори ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа конференсия бахшида ба соли ҷавонон дар мавзӯи «Нақши ВАО дар инъикоси пешрафти ҷомеаи шаҳрвандӣ» оғоз шуд, ки дар кори он тамоми хабарнигорон ва фаъолони минтақаи Қӯрғонтеппа иштирок намуданд.
Нахуст сармуҳаррири рӯзномаи «Хатлон» Асалмоҳ Сафарова суханронӣ намуда дар бораи мӯҳтавои паёми Пешвои миллат ба маҷлиси Олии кишвар андешаҳои худро баён дошт. Пас аз он Мурод Сотиев, сармуҳаррири газетаи «Новый Хатлон» дар бораи нақши ВАО дар пешрафти суботи ҷомеа фикру мулоҳизаи хешро иброз намуд. Дар охир ширкаткунандагони конференсия мубоҳисаронӣ карда пешниҳодҳои хешро ба унвони шаҳрдории Қӯрғонтеппа ирсол намуданд.
Баҳодур Уроқов вилояти Хатлон СССР