Хушбахт Мираваев, муовини аввали сардори ситоди генералӣ қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон гуфт, ки ин разомиш ба размоише, ки сарбозони Тоҷикистону Амрико доранд ҳеҷ рабте надорад, чун онҳо бо ҳамоҳангии Вазорати корҳои дохила баргузор шудааст. Дар ин маросим вазири дифои Тоҷикистон Шералӣ Мирзо ва муовини фармондеҳи Округи марказии Русия генерал-лейтенант Ҳасан Калаев ширкат доштанд. Ҳасан Калаев дар ин маросим гуфт, ки ин размоиш дар чаҳорчӯбаи ҳамкориҳои низомии Тоҷикистон ва Русия баргузор карда шудааст. Дар размоиши муштараки низомии Тоҷикистон ва Русия, ки рӯзи 27 март оғоз шуд ва 4 рӯз давом кард, 2000 низомии рус ва беш аз 40 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ширкат карданд. Дар марҳилаи ниҳоии размоиш дар "Ҳарбмайдон"-и Қубодиён 200 техникаи ҷангӣ, зиреҳпӯш, чархболҳо истифода шудааст. Ин нахустин размоиши фарогир дар соли ҷорӣ буд, ки ҳама сохторҳои қудратии Тоҷикистон ва нерӯҳои захиравӣ ва намояндагони мақомоти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷануби кишварро ба по хезонд. Дар ду соли гузашта чунин размоишҳои фарогир дар қаламрави вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи шаҳри Душанбе доир шуда буд. Маҷмуи машқҳои зидди террористӣ дар кишвар аз аввали моҳи март дар "Ҳарбмайдон", "Ҳомиён","Сумбула", "Ҳалқаёр", "Ҷайралӣ"ва "Лоҳур" баргузор шуданд.
Баҳодур Уроқов СССР вилояти Хатлон