Бародари азиз! Мумкин ману Шумо ҳамсол бошем. Умрам аз 85 гузашта, ба 86 қадам гузоштам. Зодаи Дарвозам. 60 сол мешавад, ки дар н.Мӯъминобод зиндагӣ дорам. 40 сол собиқаи кории муаллимӣ дорам. Аз воқеъаҳои давраи ташкилёбии кишварамон солҳои 1924, 1930, 1937 ва давраи ҶБВ огоҳам. Ман дар бораи Абдулло Раҳимбоев ва «хизматҳо»-и ӯ дар солҳои 1924-35 чор маротиба дар газетаи мардумии СССР навиштам. Гуфтам, ки Раҳимбоев воқеан революционер буд. Дар инқилоби Бухоро ва сарнагун сохтани ҳокимияти манғитиҳо бо сарварии Амир Олимхон саҳм гузоштааст, аммо дар поягузории давлати Тоҷикон-Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ягон саҳме надорад, балки дар давраҳои асосии тақдирсоз-1924, давраи барқарорсозии республикаҳои Осиёи Миёна-Туркманистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон ба миллати худ-Тоҷикон хиёнат карда, мавҷудияти миллати худро инкор мекард. Дар ҳамин давраи ҳассос ӯ, Муҳиддин Хоҷаев, Чинор Имомов, Бектош, Фитрат ҷумлагӣ роҳбарони асосии кишвари Осиёи Миёна ба ҳисоб мерафтанд. Ин зодагони миллати Тоҷик чӣ кор карданд?
1.Миллати худро бо таъсири пантуркистҳо иваз карда, худро «ӯзбек» гуфтанд (дар паспортҳояшон).
2.Раҳимбоев он вақт ҳамчун коммунист-революционер, донандаи забони русӣ-Котиби Комитети Партияи Туркистони Бухоро-Хева дар бораи комитети марказии Россия аз номи ҷамоҳири Осиёи Миёна намоянда буд. Соли 1924 вақте ки 4 республика-Туркманистону Ӯзбекистону Қирғизистону Қазоқистон ташкил меёбанд, ҷониби Москва аз Раҳимбоев мепурсанд, ки дар миқёси Осиёи Миёна ягон миллати дигаре ҳаст, ки мо ба онҳо республика диҳем?
Ана ҳамин Раҳимбоев мегӯяд, ки «1 қавми хурде бо номи Тоҷик ҳаст, ки миллат шуда наметавонад!» Дастаҳои Раҳимбоев, ки аксарияташ Тоҷик буданду аз ш.Хуҷанд, чӣ кор карданд? Тамоми обу хоки мо-Самарқанду Бухоро, Фарғонаю Сари Осиёро бо 2 дасти адаб ба ӯзбекҳо тақдим карда доданд.
Ғафуров ҳайкалашро нагузошту...
Рафиқ Масов!
Шахсан Шумо Абдулло Раҳимбоевро кӣ ва ё чӣ ҳисоб мекунед? Ин гуна шахсон хоини Ватан набуда кӣ шуда метавонанд?! Болои сӯхта намакоб, роҳбарони олимартабаи ш.Хуҷанд чӣ кор карданд? Онҳо ба ин хоини ватан (Раҳимбоев барои ман хоин аст!!!), дар растаи «Ситораҳои Хуҷанд» ҳайкал гузоштанд.
Соли 1953 котиби обкоми Ленинобод (ҳоло в.Суғд) ба Душанбе омада, ба котиби комитети марказӣ рафиқ Бобоҷон Ғафуров дар бораи ба Раҳимбоев ҳайкал гузоштан рухсат пурсиданӣ мешавад. Ғафуров аз ӯ мепурсад: «Шумо гӯед, ки Раҳимбоев ба миллати худ чӣ хизмат кардааст?». Котиби обком мегӯяд, ки «ӯ революционер буд, дар сарнагун сохтани аморати Бухоро хизматҳои зиёде кардааст» ва ҳоказо… Рафиқ Ғафуров гуфтаҳои котиби обкомро тасдиқ карда мегӯяд, ки «Раҳимбоев дар баробари хизматҳояш ба халқи Тоҷик хиёнате кардааст, ки он нобахшиданист. Ӯ аз миллати худ рӯ тофт ва бисёри обу хоки мо-Тоҷиконро ба бародарони ӯзбек бахшид».
Ман дар газетаи СССР дар ин бора 4 маротиба навиштам. Махсусан, ба рафиқ Қоҳир Расулзода ҳам навиштам, ки ҳайкали ин хоини Ватанро канед ва ба дарёи Сир бурда партоед. Баъдан, дар газетаи СССР фикру мулоҳизаҳои олимон-Бурҳон Ризоев, Ваҳҳоб Набиев, Ҳабибулло Соатов, Алиҷон Одинаев, Ҷӯрабек Исомиддинов, Шавкат Шарифов, Сафаралӣ Эркаев бо номи «Раҳимбоев пантуркист набуд!» чоп шуд. Онҳо дар ин мақолаи худ аз ҳад зиёд тавсиф карда, навиштаанд, ки Раҳимбоев дар давраҳои тақдирсоз (с.1924) бо таъсири пантуркистон дар ботлоқи онҳо ғӯтида, аз сарнавишти ояндаи миллати хеш пуштибонӣ карда натавонист. Дар муқобили онҳо банда навиштам, ки «Раҳимбоев 100% пантуркист буд!»
Ҳақиқатро барқарор кунед!!! Рафиқ Масов!
Ман аз Шумо эҳтиромона 1 хоҳиш дорам. Фақат Шумо метавонед ба ин масъала равшанӣ андозед ва ҳақиқатро ба ҷояш гузоред. Раҳимбоев баъди он ки с.1929 бо ташаббуси писарони ба ору номуси Тоҷик С.Айнӣ, Ш.Шоҳтемур, Н.Махсум ва шахсан рафиқ Сталин РСС Тоҷикистон ташкил ёфт, аз хатоиҳои солҳои гузаштааш пушаймон шуда, аз ҳукумати республика бахшиш пурсид. Ин бахшиши ӯ аз ноилоҷӣ буд. Чуноне ки мардуми мо мегӯянд: «Оби рехтаро ҷамъ овардан мушкил». Пушаймонӣ суде надорад!
Зимнан мехоҳам Шумо, ки ҳанӯз саломату барҷоед, ба ин мушкили таърихӣ калид шаведу ошкоро гӯед, ки Раҳимбоев пантуркист буд ё на? Хиёнаткор буд ё на? Ва меарзад ки ба ӯ дар маркази кӯҳантарин шаҳри Тоҷикон-Хуҷанд ҳайкал гузошта бошанд ё на? Ин бисёр муҳим аст. Зеро метарсам, баъди сари Шумо тамомии пантуркистонро сафед мекунанду балои наве сари миллат мехезонанд!
Хоҳишмандам, ҷавонмардона нависед; СССР чоп мекунад. Ин беҳтарин хизмати Шумо дар назди таърихи миллат хоҳад шуд! Мо Метавонем!
Ҳоҷӣ Шодибеки Ҳалилзода,
н.Мӯъминобод