ХАБАРИ ДОҒ

Панҷакент: Гӯштигирон аз ҳисоби худ Кӯлоб рафтанд

  • Душанбе, Июн 12 2017


Санаи 27-28 майи соли равон дар ш.Кӯлоб мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни ҷавонони соли таваллуди 2001-2003 бахшида ба «Соли ҷавонон» доир шуд. Аз ш.Панҷакент 6 нафар гӯштингир дар ин мусобиқа ҷойҳои намоёнро ишғол кард. Темиров Руслан дар вазни 85 кг, ҷои якум, Аҳмадҷони Аскар дар вазни 76 кг, Оқилҷони Бобомурод дар вазни то 69 кг ва Бобоев Алишер дар вазни 100 кг ҷойҳои дуюмро соҳиб шудаанд. Ҷои 3-юм дар вазни 100 кг ба Шодиев Сулаймон ва дар вазни 85 кг ба Ардамеҳри Рустам насиб шудааст. Дастоварди гӯштингирони Панҷакент дар ҳолест, ки ин ҳама ғолибиятҳоро на ягон намояндаи ҳукумати маҳаллӣ ва на ягон намояндаи бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ш.Панҷакент дастгирӣ ва қадр накард. Ба замми ин ба варзишгарон на раҳпулӣ додаанду на маблағи ҷои хоб. Мураббиёни ин варзишгарон Ҳасанов Саъдулло, Бобомуллоев Улуғбек, Ҳасанов Зоир ва Раҷабов Шариф тӯли солҳост, ки шогирдонро тарбия мекунанд, лек баъзе аз онҳо изҳор медоранд, ки аз рӯи қоида бояд пас аз соҳиби ҷои аввал шудани шогирд маоши мураббӣ ба андозаи аз 10 то 30% зиёд карда шавад. Аммо мегӯянд онҳо, соли гузашта низ чанд шогирдонамон ҷои аввалро гирифтанд, вале маоши мо зиёд нашуд, ки нашуд. Ба мусобиқаҳо меравем, мураббиёни гӯштингирони дигар шаҳру навоҳӣ варақаи сафархидматии (командировочный)-ро мӯҳр мезананд. Вале мо нигоҳ карда мешинем. Барои мо на сафархарҷӣ медиҳанду на маошамонро зиёд мекунанд.
Некрӯз Кенҷаев-мудири навтаъини бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар ш.Панҷакент вобаста ба масъалаи мазкур гуфт, «чанд нафар варзишгароне, ки ба мусобиқа рафтаанд, бе мувофиқа бо мо рафтанд. Аз ин рӯ, аз рафтану омадани онҳо мо хабар надорем. Аммо ҳамеша мекӯшем ва омодаем бо варзишгарон ҳамкорӣ кунем. Вале мо варзишгаронро ҳамеша дастгирӣ мекунем».
Дар ҳамин ҳол коршиносони соҳаи варзиш мегӯянд, солҳои пешин нисбатан варзишгарони панҷакентӣ натиҷаҳои назаррасу дастовардҳои шоён нишон медоданд. Соли 2017 бо ибтикори президенти мамлакат «Соли ҷавонон» эълон шудааст ва агар масъулини соҳаи варзиши Панҷакент воқеан мехоҳанд варзишгарон дастовардҳои назаррас дошта бошанд, бояд ҳамкорӣ ва дастгирии онҳоро фаромӯш насозанд.


Хуршед Фозилов,
Панҷакент, махсус барои СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter