ХАБАРИ ДОҒ

Илҳом Алиев роҳбарони хадамотҳои гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба ҳузур пазируфт

  • Чоршанбе, Июн 14 2017

 
Санаи 13 - уми июни соли ҷорӣ Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев роҳбарони хадамотҳои гумруки Федератсияи Руссия Белорусия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистонро, ки дар шаҳри Боку бо сафари корӣ барои иштирок намудан дар ҷаласаи 65 - уми Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор доштанд, ба ба ҳузур пазируфт.
Президент Илҳом Алиев изҳори қаноатманди намуд, ки дар ҷаласаи 65-уми Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил муҳокимаи самарабахш гузаронида шуда, аз натиҷаи он қарорҳои дахлдор қабул мегардад.
Сарвари давлат Илҳом Алиев зикр намуд, ки хадамотҳои гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои рушди кишварҳо нақши муҳим дошта, ҷиҳати таъмини даромади Буҷет ва ҷараёни инкишофи иқтисодиёт саҳми калон доранд.
Инчунин санаи 14 - уми июни соли 2017 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон ҷаласаи 65 - уми Шӯрои роҳбарони хадамотҳои гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Абдуфатоҳи Ғоиб- Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Зайдуллоев Иззатулло – Сардори Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзӣ иштирок доранд.


 


Рӯзномаи маҷлис аз як қатор масъалаҳои муҳими соҳа иборат мебошад. Аз ҷумла:
Дар бораи ворид намудани таъғиру иловаҳо ба Созишнома дар бораи ҳамкорӣ ва расонидани кӯмаки мутақобила дар фаъолияти гумрукӣ.
Оид ба мубодилаи маълумот барои муайян намудан ва назорати арзиши гумрукии мол дар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил.
Оид ба тартиби ҷорӣ намудани системаи идораи таваккал дар фаъолияти мақомотҳои гумруки давлатҳои ИДМ.
Дар чорабинии мазкур инчунин дигар масъалаҳои муҳими ҳамкориҳоии байналмиллалии гумрукӣ баррасӣ мегарданд.


 


Қобили зикр аст, ки дар ҳошияи иҷлосияи мазкур дар доираи гуфтушуниди корӣ ба имзо расонидани Протоколҳо байни мақомотҳои гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ ва доир ба тартиби ҳамкори байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳангоми муқоисаи маълумоти омори гумрукии савдои дутарафа дар назар аст.
 
 

Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter