ХАБАРИ ДОҒ


Ҳар сол дар кишвар бахшида ба 1 соҳаи муайян Сол эълон мегардад. Вале фикр мекунам, Соли ҷавонон эълон гардидани 2017 воқеан идеяи нек буду бо мавқеъ, фарқкунанда, зарурӣ, фалсафӣ… Аҳсант! Нек шуд, ки ҷавони 30-сола имрӯз метавонад ба вакилӣ номзад шавад, вакил шавад ва дар дигар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият намояд. Ва албатта ҳастанд ҷавононе, ки то синни 30-солагӣ бениҳоят хубу барзиёд таҳсил карданд, қобилияти баланд доранд, умуман метавонанд дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор кунанд. Вале чунин ҷавонон ниҳоят каманд. Барои ин албатта то ана ҳамин 30-солагӣ, то ба вазифаи пурмасъул гузоштани ӯ бояд, ки тарзи ҳаёти солимро пеш бурд, аз ҷумла, тамоку, машрубот… набояд истеъмол кард, ба варзиш машғул шудан зарур, ғизои солим бояд гирифт. Инҳо ҳатмиянд. Лек агар ӯ то 30-солагӣ арақу пиво хӯрда гардад, тамокуву нос занад, он гоҳ магар фикрронии солим дошта метавонад? Зеро ин чизҳое ҳастанд, ки ба организм бегонаанд. Шуури кӯдаки олмониро бубинед: 2 нафар меҳмони 14 ва 16-сола ба Тоҷикистон омаданд. Пурсидам, ки қаҳва менӯшед? Гуфтанд, ки «Не, дар мо то 18-солагӣ нӯшидани қаҳва манъ аст». Гуфтам, ки ҳеҷ гап не, охир Шумо ҳоло дар Олмон нестед, кӣ пай мебарад? Гуфтанд: «Чӣ фарқ дорад? Охир мо шаҳрванди Олмонем, дар куҷое бошем қонунҳои Олмон ба дахл дорад».
Ба андешаи ман Соли ҷавонон ҳатман хотирмон ва таърихӣ бошад. Дар ин ҳолат бояд, ки дар Соли ҷавонон на танҳо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш чорабиниҳо барпо кунад, балки ҳама сохторҳои мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, парлумон…, албатта дар самти кори худ чораҳои зарурӣ андешанд. Пас, имкон аст санаде қабул кард, ки то 30-солагӣ истеъмоли тамоку ва махсусан машрубот ба ҷавонон манъ карда шавад. Зеро ҷавони то 30-сола ба андешаи ман он қадар устувор нест ва ҳуқуқи маънавие надорад, ки арақ нӯшаду маст шаваду суханҳое гӯяд, ки ба шаъни ӯ рост наояд. Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, соҳибмиллат аст, метавонад қонунҳои миллӣ қабул кунад, ба мисоли «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ». Дар ин ҳолат ҷавониро бо машрубот қиёс намудан зарур. Машрубот чист? Машрубот ин одат аст. «Одат, ки зиёда шуд табиат гардад!» мегӯяд бузурге. Мастии зиёд зарар ба организм аст. Аз рӯи медицина бадмастӣ маҳз ба тезонидани раванди пиршавӣ мусоидат менамояд. Ҷавони 25-солае, ки умуман наменӯшад ба 20-сола монанд аст. 25-солае, ки 2 сол боз пайваста менӯшад, зоҳиран ба одами 35-40 сола монанд. Аз ин хулоса бояд кард, ки ҳикмати ҷавонӣ ана ҳамон аст, ки дар он бояд машрубот набошад.


Эраҷ Латиф,
н.Ҷ.Балхӣ

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter