Ба гуфтаи ёвари фармондеҳи неруҳои Округи ҳарбии марказии Русия, полковник Ярослав Рошупкин, ҳавопаймоҳои русии бомбандози Ту-22М3 ба фурудгоҳи “Айнӣ” барои ширкат дар размоиши муштараки Тоҷикистон ва Русия фуруд омадаанд. Тибқи нақшаҳои тарҳрезишуда ҳайати зарбазани ҳавоии Русия ба урдугоҳҳои рамзии неруҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар размоишгоҳҳои Помири Шарқӣ партови бомбаҳои 500 килоиро таҷриба хоҳанд кард. Неруҳои мусаллаҳи ду кишвар қарор аст дар ин тамринҳо ширкати муштарак дар мубориза бо гуруҳҳои мусаллаҳи террористӣ, равишҳои ягонаи нобудсозии гуруҳҳои ҷиноӣ, аз байн бурдани пойгоҳҳои ҳарбӣ ва анборҳои силоҳи онҳоро машқ кунанд. Аз 15 то 20.03.2016 дар навоҳии ҷануби кишвар тамрини густардаи низомии муштараки неруҳои вазорати мудофеаи Тоҷикистон ва пойгоҳи 201 Русия баргузор мешавад. Ҳудудан 50 ҳазор нафар низомиёни тоҷик ва рус 5 рӯз дар дар ин тамринот ширкат хоҳанд кард. Қарор аст, дар ин тамрини низомӣ намояндагони ҳамаи сохторҳои қудратии Тоҷикистон, қувваҳои захиравии артиши миллӣ, кормандони мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва хизматчиёни ҳарбии Русия мустақар дар Тоҷикистон ширкат кунанд. Машқи низомӣ дар тамрингоҳҳои “Лоҳур”, “Сумбула”, “Момирак”, “Ҳарбмайдон” ва “Ҳалқаёр” хоҳад гузашт.