ХАБАРИ ДОҒ

Аз хоби гарон хезед, рафиқон!

  • Ҷумъа, Окт 13 2017

1 лутфи Бахтиёр Аминиро роҷеъ ба Муҳаммад Иқбол-шоири шаҳир, дар Фейсбук хонда, 1 қиссаи воқеан нақлкардаи Лоиқ Шералӣ-устоди ҳама давру замонҳои шеъри муосир ёдам омад. Лоиқ дар суҳбати вежае бо ману Акбари Саттор барои ЧГ мегуфт:
Соли 1991. Баҳор буд. Бо ҳайъати ҳукумат сари қабри Иқбол рафтем. Баъди муаррифии Муҳаммад Иқбол ба нохост Раҳмон Набиев-президенти ҶТ барошуфта гуфт:
-Лоиқ-ако! Ин ҳамон (маъзарат-ММ) ҷалабест, ки дар майдони Озодӣ шабу рӯз шеъри "аз хоби гарон хез"-ашро мехонанд-мӣ? О, ин ин ҷо бошад, чаро унҷо шеърашро хонанд???
Ва баъдан афзуд устод-Набиев пеши ман омада гуфт:
-Лоиқ-ако, Шуморо ин ҷалабо (майдоннишинон) дӯст медоранд, о, гӯед ваёба, ки ман президенти ганда не!
Лоиқ бо табассум мегуфт:
-Ман ба ин ҳама арзу ниёзи раисиҷумҳур бо хандаи қоҳ-қоҳ посух гуфтаву ҳарфе наафзудам...
Ана ҳамин буд Лоиқ, ки бо президент ҳарф намезад ва ана ҳамун буд Набиев-президенти аз номенклатура кашида баровардаи коммунистон...

М.Мубориз

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter