ХАБАРИ ДОҒ

Қодиров: Ман таҳримҳои шуморо дар тобут дидаам!

  • Панҷшанбе, Дек 21 2017

Рамзан Қодиров, роҳбари Чеченистон дар пайи ворид шудани ному насабаш дар рӯйхати таҳримшудагон аз тарафи ИМА, гуфт, ки агар Амрико барояш тамоми бойгонии пули хешро ҳадя намояд ҳам, ҳеҷ гоҳ қадамашро ба ин кишвар нахоҳад гузошт. Ба ақидаи ӯ сабаби аслии ба рӯйхати таҳримшудагон-«рӯйхати Магнитский» ворид шуданаш дар он аст, ки ӯ бо террористон, ки дар байнашон намояндагони хадамотҳои махсуси амрикоӣ низ ҳастанд, муборизаи беамон мебарад.
-Ман ҳаёти хешро барои мубориза алайҳи терроризму экстремизм бахшидаам ва Амрико маҳз ҳамин чизро бахшида наметавонад. Бубинед, дар Чеченистон сулҳу оромӣ аст, ИМА бошад дар тамоми дунё хун мерезад! Бояд Вазорати молия ва хадамотҳоеро, ки барои имзо номи маро ба президенташон мебаранд, бигӯям, ки шахсиятҳои шинохтаи амрикоӣ ҳамеша меҳмони мананд ва хеле зиёд ба Чеченистон меоянд, онҳо низ ин таҳримҳоро мисли ман дар тобут дидаанд, - таъкид намудааст Қодиров.
Чуноне ки вай дар идома зикр намуд, агар ин таҳрим нисбат ба ӯ дар пайи нақзи озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон бошад, пас беҳтар аст ин поккориро аз Қасри сафед ва Пентагон сар кунанд. Мо дар зер шарҳи Рамзан Қодировро дар ин бора дар саҳфаи Инстаграм ва Фейсбук навиштаашро меорем:
«Маро шаби бедорхобӣ интизор аст! Ҳатто доруҳои хобовар наметавонанд кӯмакам кунанд! Ёд доред, Высотский гуфта буд: «Ин шаб бароям берун аз қонун аст. Ман намехобам, дод мезанам…». Шоир дар пешниҳоди кредит аз рӯи талони одамони дӯстдоштааш проблема дошт. Проблемаи ман бошад дигар аст. Хабар расид, ки ман-Рамзан Қодировро ба рӯйхати таҳримотии ИМА ворид кардаанд. Ва пас аз ин тамоми дунё гӯё гирд гашт, гӯё, ки дар лаби дарё дар Флорида бошаму аз тарафи Атлантика тундбод меояд. Чаро нороҳат набошам, вақте 40 сол орзу доштам ба Амрико рафта, он ҷо бо тиҷорат машғул шуда дар бонкҳои Манхеттен суратҳисоб боз кунам? Ҳоло казинои Лас-Вегас ва миллиардҳои дар Бонки Амрико нуҳуфтаро дигар нахоҳам дид! Вазорати молияи ИМА дигар кор надорад, мисли он гурбае, ки 1 ҷояш ба хориш медарояд. Инак, ба ман вуруди Амрикоро манъ карданд. Оё мехоҳам барои гирифтани виза муроҷиат кунам!? Бори дигар ба он афроде, ки фаромӯш кардаанд, мегӯям: агар тамоми хазинаи асъории Амрикоро бароям ҳадя намоянд ҳам, ба Амрико қадамамро ҳам нахоҳам гузошт! Бояд Вазорати молия ва хадамотҳоеро, ки барои имзо номамро ба президенташон мебаранд, бигӯям, ки шахсиятҳои шинохтаи амрикоӣ ҳамеша меҳмонӣ мананд ва хеле зиёд ба Чеченистон меоянд, онҳо низ ин таҳримҳоро мисли ман дар тобут дидаанд. Мегӯянд, ин таҳримҳо дар бахши нақзи ҳуқуқи инсон пеш омадаанд. Агар ин таҳрим нисбат ба ӯ дар пайи нақзи озодӣ ва ҳуқуқҳои инсон бошад, пас беҳтар аст ин поккориро аз Қасри сафед ва Пентагон сар кунанд. Шумо дар бораи несту нобуд кардани ҳиндуҳо, миллионҳо ғуломон-африқоиҳо, қурбониҳои Хиросима ва Ироқ, Лубнон, Белград фаромӯш кардаед? Дар рӯйхати ман садҳо амалҳои хунбори ИМА сабт шудааст ва оё шумо ба рӯйхати хеш тамоми президентон, вазирон, генералҳо, алалхусус лейтенант Коллиро илова кардаед!? Шод аз онам, ки ба хадамотҳои махсуси Амрико нолозим шудаам. Ҳаёти хешро барои мубориза алайҳи терроризму экстремизм бахшидаам ва Амрико маҳз ҳамин чизро бахшида наметавонад. Бубинед, дар Чеченистон сулҳу оромӣ аст, ИМА бошад дар тамоми дунё хун мерезад! Бояд Вазорати молия ва хадамотҳоеро, ки барои имзо номи маро ба президенташон мебаранд, бигӯям, ки шахсиятҳои шинохтаи амрикоӣ ҳамеша меҳмонӣ мананд ва хеле зиёд ба Чеченистон меоянд, онҳо низ ин таҳримҳоро мисли ман дар тобут дидаанд!»

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter