Эй миллати шариф, эй миллати дӯстдори Офаридагори беҳамто! Чӣ сабаб аст, ки бонги ҳушёриву бедории фарзандонат ба гӯшат нарасиду намерасад!? Ва кай пахтаи ғафлат аз гӯш мегирӣ?!
1. Онҳо ва Мулло Абдуллои мо
Агар ба таҳлили расонаҳои хабарӣ бовар кунем, ки ин Мулло Абдулло ҷосусу зархариди ҳамон Амрико аст (ва чаро Амрико?! …Гондурас ва ё ақаллан Ӯзбекистон не?) ва ин Амрико… тавониста бошад, ки нусхаи тоҷикии Бен Лоданро тарошад, офаринаш. Дигар гӯш ба қимор бошед!
Дар ҳамин асос фарзияи ин дафъа низ дар дараи Камаров Мулло Абдуллоро - ин Мулло соле қабл Тавилдараро нотинҷ ё тинҷ карда буд (?!), наёфтани низомҳои қудратии мову даҳҳо тани дигарро аз даст доданамон низ дуруст аст. Вале билфарз, агар Мулло Абдулло дастгир ва ё ҳалок гардад ҳам, оё метавонем қазияи нооромиҳоро барои минбаъд ҳалгашта ҳисобем? Парвандаи ҷиноятҳои муташаккили бо сиёсат омехтаро, ки шабеҳаш танҳо дар мамолики навтараққии Африқо вуҷуд дорад (ё дошт гӯем-мӣ), барои абад «пӯшем»? Агар, ҳа, офарини мо, ки ҷони чанд афсари саршинохт ва даҳҳо аскарро беҳуда аз даст надодаем. Вале ман бештар майл ба посухи рад додан дорам; ба ин далел, ки дар ҷомеаи имрӯзаи мо механизми тавлидкунандаи муллоабдуллоҳо вуҷуд дорад. Баъди аз миён бардоштани ин Мулло Абдулло низ механизми гуфтаам боқӣ монда ва то даме, ки мо онро нашиканему аз миён набарем, конвейраш муллоабдуллоҳои дигарро беҳисобу маҳдудият сохтан мегирад…
2. Падари Мулло Абдулло кист?
Акнун мушаххас меоем сари механизми тавлидкунандаи муллоабдуллоҳо ва онро ба қисмҳои таркибӣ ҷудо карда, бафурҷа, вале мухтасар ба намоиш мемонем:
- генотсиди маҳаллии солҳои 90-ум, ки дар равони миллати мо барер - садди таббиии худмуҳофизии миллиро барои даҳсолаҳо шикастааст (агар ин тавр набошад, ҳеҷ хунхоре 2 мошини ҷангии пур аз ҳаммиллатонашро ба сифати душманаш наметарконад!);
- аз пайи фармоишгарони берунӣ рафта, нафаҳмидаем, ки кайҳо бо сояи худ меҷангем – бо дахолати ғайритахассусии худ ҷиноҳи радикалии динеро, ки 99 фисади аҳолӣ гӯё пайравони ононанд, тақвият додаем. Ин усули кор майдони кишти тухми фанатҳоро васеъ менамояд (агар ин тавр набошад ва мо мусалмони ҳанафӣ бошем, пас ҳеҷ мусалмони ҳанафӣ ва мусалмон умуман, ба сӯи мусалмони дигар аз рӯи кина силоҳ на мекашид ва на мекашад!);
- ва ахиран, шоҳчархи рӯзу шаб гардони механизми тавлидкунандаи муллоабдуллоҳо маҳалгароии мулҳики мост, ки имрӯз қариб ба тафаккури давлатдорӣ, сиёсӣ, равед, ки адабию фалсафӣ табдил гашта!
Агар Шумо як каме тафаккури таҳлилӣ доред, ба ин ҳол - ё механдед ва ё мегирйед. Ин падидаи ба ҳамаамон рӯшани асримиёнагӣ чун варами саратон дар заминаи анъанаҳои маҳалгароии аҳди Шӯравӣ ва бадбахтона имрӯз дар шакли деҳотияш, яъне на он қадар маданӣ, сохторҳои давлативу мақомоти низомии кишвар, ба таври вертикаливу горизонталӣ иҷтимоиёти мардумро печидааст ва рӯй ба афзоиш дошта, ба хориҷи кишвар экспорт мешавад. Шуъури мо имрӯз дигар воқеан бемор аст - дар ин масъала. Осебпазирии ҷомеаи моро низ сабаби аслияш дар маҳалгароӣ буду ҳаст.
Имрӯз ба ҳоли мо ҷаҳон механдад. Дар Русия мо барои милисаи рус, чиновники рус, корфармои рус масал гаштаем. Ин марази моро барои дард додани бадани мо онҳо роҳат истифода доранд…
3. Ҷиноят, ҳукумат, ҷазо…
- масъалаи дигар, омехта сохтани фаҳмиши ҷинояту сиёсат дар фаҳмиши туст, ҳаммиллати гиромии ман!
Гунаи мисол, ҳамин олами ҷиноии Русия мушкили ҷаҳони имрӯза аст, вале шуъурсозони ҷомеагии онҳо барои якборагӣ қарор додаанд, ки ҷиноят ҷиноят асту ҷинояткор ҷинояткор ва бубоистӣ, ки ҳатман ҷазо бубинад ва ҳамин 1 фаҳмиши сиҳҳат дар идеологияи миллии русӣ воҳиди тағйирнопазир аст.
Итолиё ба хотири гум кардани пайи пойи мафияи намирандааш садҳо судяро қурбон месозад, то мабодо намояндае аз ин олами ҷиноӣ дар саҳнаи сиёсат пайдо гардад. Дар мо бошад, ибтидои ҳамон парокандагии солҳои 90-ум то инҷониб ин хубу бадро ҳеҷ фарқ намегузоранд, ки намегузоранд. Ҳатто дар адабиёти хаттии худ, яъне дар ёди миллии худ аз «қаҳрамониҳои» авбошон, ки барояшон зиндон мегиряду нимаи дуюми солҳои 80-ум сиёсатбозони мо аз беҳунарии касбии худ онҳоро ба майдони сиёсат кашида буданд, хат мекашем. Бояд ин тур бошад, ки ғояҳои сиҳату созанда дар заминаи анъаноти миллӣ ба хотирдони миллат бирезем. Агар аз нақши бади олами ҷиноят дар тақдири талху сиёҳи миллат гап мезанем, ғояҳои аз қадимулайём дар зеҳни мо мусбат машҳургардидаи футувват, ҷавонмардӣ, олуфтагароӣ ва айёрии гузаштагонамонро ҳамчун маҳаки муқоиса ба кор барем. Аз ҷинояткорони гузаро, агар ҳатто аз маҳалҷони аз Тоҷикистони азиз «болотаратон» бошад ҳам, Робен Гуд насозем: Зеро ба ҳугдори Саъдӣ, «Неши каждум, ки заҳрогин аст, Муқтазои табиаташ ин аст». Фаромӯш накунед, ки шуморо боз мегазаддд!
Ҳамин 4 унсури осебпазире, ки ман аз он механизми тавлидкунандаи муллоабдуллоҳоро бароятон иброз намудаам, низ мутаассифона моли тафаккури мо нест; моли бегонагон, ба таъкид русҳост, ки барои исботи ҳар якеаш санадҳо ҳаст… - чи аз генотсиди маҳалливу чи аз тақвияти маҳалгароиву чи аз густариши таълимоти олами ҷиноӣ («воровской закон») дар байни маҳбусони аҳли ислом…
4. Падарандари Мулло Абдулло шавем!
Ва имрӯз мо миллати воҳид-Тоҷикони сарбаланд дар шароити нави таърихӣ соҳиби Ватани воҳид – Тоҷикистони азизем ва дар ин мулки ҳаққи ҳалоли миллат дигар Худо довар асту мову шумо. Дигар ҳеҷ кас - ҳатто ки Маскав. Пас бояд ба захмҳои худ бо чашми тоҷикиямон назар дӯзем ва ба он аз гиёҳу решаҳои кӯҳистони худамон марҳам гузорем, роҳи ҳалли тоҷикии мушкилиҳоямонро ёбем, он гаҳ масъалаи шикастани механизми тавлидкунандаи муллоабдуллоҳо мушкилие нахоҳад дошт. Бояд падарандари маҳалгароӣ гардем, то муллоабдуллоҳо «аборт» шаванд; ба дунё наоянд! Пас, чӣ бояд кард?
1.Бояд мафҳумҳои ҳифзу амният, ободии мулку диёрро муқаддас шуморем ва дар гӯшамон 1 муқаддасоти дигарро барои абад резем, ки таъмини ин ҳифзу амният, ободии мулку диёр танҳо ва танҳо бар дӯши мост.
2.Мисли воқеаҳои февралии соли 1990, ки пояи давлати Маҳкамовро ба ларза оварда буду Маскав бо спетсназаш омада, ба ин пояи ларзон бетон рехт, дигар аз берун умед нест. Дигар мо ва танҳо мо барои пойдории ин давлат вазифадорему халос.
Рӯ ба рӯи ин хавфҳои мазкур, ки аз қаҳтӣ, бӯҳронҳои молиявию иқтисодӣ, хатарҳои табиӣ мулҳиктаранд, дигар мебояд рост истему ба чашми ин деви ҳафтсар, монстр-аждаҳо ё Шаддод нотарсона нигарем. Агар натарсем, пас иқрор мешавем, ки механизми тавлидкунандаи муллоабдуллоҳоро ёфтаем, медонемаш ва барои шикастану аз ҳам пошидани он яроқ ҳам дорем, барои заҳри дардҳоямон позаҳр ҳам ёфтаем, ки он:
- ба ҷони ҷавону пир дифоъ намудани сулҳу салоҳ ва ба даст овардани ризоияти милливу иҷтимоист;
- тақсими одилонаи «пироги давлатдорӣ» байни бародарон аст;
- ақидаи ғолибияти маҳаллиро аз шуури мардум зудудани зиёиёни ҳушманди мост, ки мардона аз муаллифи идеяи маҳалгароӣ буданашон иқроранд;
- нисбат ба бадкорӣ, олами ҷиноят ва намояндагони он нафрати миллӣ доштан;
- аз ин ба баъд муаллифони амалҳоеро, ки ба манфиатҳои миллии мо иснод меоранд, ба китоби «Нафратномаи миллат», барои абад ҷой намудан аст, китобе,
ки маконаш на китобхонаи ба номи Фирдавсӣ, балки хотираҳои ҳар 1 Тоҷик аст!
…Шитобем, ҳатмани ҳатман муваффақ мегардем, ки муҳит худ боб омада, яъне сохти сармоядории микроиқтисоди бозаргонӣ худ миллатзой аст; а, макроиқтисоди бузурги трансмиллӣ бошад, ҳатто аз тафаккури миллатзой убур карда, бо космополитизм ҳамбол аст ва рӯ ҷониби Башардӯстӣ, маъмултар барои мо-собиқ мардуми советӣ бо номи Интернатсионализм аст!
Вале агар ин ҳамаро надорему насозем… пас дар баччадони миллат - механизми тавлидкунандаи муллоабдуллоҳо зинда аст…
Аҳлиддини Муҳаммадрафӣ, махсус барои СССР