ХАБАРИ ДОҒ

ВКХ ҶТ хунрезӣ дар Ғаззаро маҳкум кард

  • Панҷшанбе, Май 17 2018


Вазорати корҳои хориҷии ҶТ бо пахши 1 изҳорот хунрезӣ дар Ғазза ва кушта шудани даҳҳо шаҳрвандони Фаластинро, ки ба тазоҳуроти осоишта баромада буданд, маҳкум кард.
 «Шиддатёбии вазъият ва таҳрики амалиёти хушунатбор вазъияти бе ин ҳам хатарноки минтақаро печидатар месозад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъкид бар зарурати ҳатмии ҳалли низоъ бар асоси қатъномаҳои маълуми Шӯрои амнияти СММ, аз ҳамаи ҷонибҳо даъват ба амал меорад, ки аз истифодаи зӯр ва амалҳое, ки поя ва асоси сулҳу суботро аз байн мебаранд, худдорӣ намоянд»- чунин омадааст дар изҳороти мазкур.
Бояд қайд намоем, ки рӯзи 14.05.2018 беш аз 35 ҳазор фаластиниҳо ба кӯчаҳо рехта, бар зидди кӯчонидани сафорати давлати Исроил аз Тел-Авив ба Байтулмуқаддас эътирози сулҳомез пеш гирифтанд. Аммо ин эътирози сулҳомез аз ҷониби қувваҳои номаълум ба террори ҳақиқӣ мубаддал гашта, боиси кушта ва захмӣ шудани даҳҳо сокинони осоиштаи Ғазза гашт.



ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter