ХАБАРИ ДОҒ

Мулоқоти навбатии аъзои Гурӯҳи “Дӯстони об” дар СММ

  • Ҷумъа, Май 25 2018

 

23.05.2018 дар ш. Ню-Йорк мулоқоти навбатии аъзои Гурӯҳи “Дӯстони об” баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои ҳамкорӣ ва нақшаҳои минбаъдаи Гурӯҳи мазкур дар партави чорабиниҳои дарпешистода, ба вежа Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” ва Форуми сиёсии сатҳи баланд (HLPF) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.


Чуноне ки ба мухбири СССР дар намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ хабар доданд, Намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ Маҳмадамин Маҳмадаминов зимни суханронии хеш оид ба натиҷаҳои чорабинии сатҳи баланди Раиси Маҷмаи Умумии СММ- Оғози расмии Даҳсолаи “Об барои рушди устувор, 2018-2028” (22 марти 2018) маълумот дода, ҳозиринро бо корҳои тадорукотии Конфронси Душанбе шинос кард ва аз онҳо ҷиҳати иштироки фаъол дар чорабинии мазкур даъват ба амал овард.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter