ХАБАРИ ДОҒ

Алӣ Рифъат Кёксал: душмани Тоҷикистон дар Туркия паноҳ нахоҳад ёфт!

  • Ҷумъа, Июл 13 2018



Алӣ Рифъат Кёксал, сафири Фавқуллода ва Ваколатдори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе зимни баргузории 1 нишасти вежа бо намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвар таъкид дошт, ки нафаре аз душманони Тоҷикистон, хосса он ҷинояткороне, ки дар ҷустуҷӯи мақомоти қудратӣ ҳастанд, ҳеҷ гоҳ дар ҳудуди Туркия паноҳ нахоҳанд ёфт.
Дар нишасти матбуотӣ, ки ба 2 солгарди табадуллоти давлатӣ дар Туркия бахшида шуда буд, Алӣ Рифаът Кёксал иброз намуд, ки бо гузашти 2 сол давлат ва мардуми Туркия ҳанӯз ҳам аз пайомадҳои ин табадуллот ба худ наомадаанд.
-Дар ин радиф Тоҷикистон барои мо беҳтарин намуна аст, зеро дар кишвари шумо низ чанд сол пеш ҷанги шаҳрвандӣ ва сипас табадуллот ба вуқӯъ пайваст, аммо назар ба мардуми мо шумо тавонистед онро ба зудӣ паси сар намоед, -афзуд сафир.
Бояд қайд намуд, ки 15.07.2016 дар Туркия аз тарафи пайравони созмони ФЕТО табадуллоти давлатӣ сурат гирифта, тавре ки баъдан маълум шуд, дар паси он Фатҳуллоҳ Гюлен, сиёсатмадори мухолиф ва ходими шинохтаи динии ин кишвар меистод.
  

СССР

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter