Дар пасманзари фоҷеаи Данғара, ки бар асари он 4 кушта боқӣ мондааст, сару садоҳоро дар мавриди «ҳамлаи тарҳрезишуда» ва амалиёти дастаҷамъона будани ин ҳодисаро зиёд кардааст. Мақомот то ҳанӯз 100% чӣ амал будани ин садамаи пурқурбониро таъйиду такзиб накардаанд. Аммо сафирони хориҷӣ аз он изҳори ташвиш кардаанд.
Ҳидоят Бишчевич, раҳбари Намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 30 июл гуфт, ки ҳодисаи ҳамла ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара “метавонад бештар аз як садамаи автомобилӣ” бошад ва ба “ҳамлаи аз пеш омодашуда мемонад”:
“Мо мунтазари ҷаласаи изтирории сафирони аврупоӣ ҳастем, ки ҳар ҷониб бояд иттилоъ ва назарҳои худро баён кунанд. Вале аз назари шахсии ман, агар иттилоъ дар бораи он ки ҳамлагарон баъди бо мошин зер кардани велосипедронҳо боз ба онҳо бо корд ҳамла кардаанд, дуруст бошад, пас ин як садамаи автомобилӣ неву, монанд ба ҳамлаи аз пеш омодашуда мебошад. Агар тафтишот ҳам инро тасдиқ кард, пас ин ҳодиса мояи ташвиши бештар мешавад”.
Хотиррас мешавем, ки Вазири Корҳои Дохилӣ ба хабаргузориҳо гуфта буд, ки баъди бархӯрд, аз мошин нафар ё нафароне фаромада, бо корд ба туристон ҳамла ҳам кардаву чандеро захмӣ сохтаанд.
Ҳоло, ки ному насаби велотуристон мушаххасан ёдовар нашудааст, ҳувияти миллияшон муайян гардидааст.
Велосипедронҳои хориҷӣ 7 нафар будаанд; 2 амрикоӣ, 2 ҳолландӣ, 2 тан аз Швейтсария ва 1 фаронсавӣ. Гуфта мешавад, маҳз велосипедрони фаронсавӣ, ки аз гурӯҳ андаке қафо монда буд, осебе надидааст.
Мавзуъро пайгир мемонем. Мо Метавонем!