Имрӯз дар ш.Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба кори худ оғоз мекунад.
Гуфта мешавад, ки пеш аз оғози ҷаласа роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматҳои давлатҳои аъзои СҲШ-ро президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.
Ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо-сарвазирон таҳти раёсати сарвазири ҶТ Қоҳир Расулзода доир гашта, барои иштирок дар ин ҷаласа сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бахитжан Сагинтаев, сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Муҳаммедкали Абилгазиев, сарвазири Шӯрои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Кетсян, раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Дмитрий Медведев, сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Абдулло Орипов, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Сушма Свараҷ, вазири корҳои хориҷии Покистон Мақдум Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ, инчунин роҳбари ҳайатҳои давлатҳои нозири СҲШ ва роҳбарони созмонҳои байналмилалии даъватшуда ба Душанбе ташриф овардаанд.
Рӯзномаи ҷаласаи Шӯро масоили рушди ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитариро дар доираи СҲШ дар бар гирифта, қарор аст роҳбарони ҳайатҳои Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Покистон, Россия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон рафти татбиқи Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ, кори Шӯрои соҳибкорӣ ва Иттиҳоди байнибонкии СҲШ-ро баррасӣ намоянд.
Сарвазирони кишварҳои СҲШ дар Душанбе ҷамъ омаданд
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар