Имрӯз раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати парламентии ҳамроҳонаш тибқи даъвати раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии ФР Валентина Матвиенко барои иштирок дар Форуми шашуми байнипарламентии «Россия-Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ» ба ш.Москваи Федератсияи Россия сафар кард. Гуфта мешавад, ки сафари кории Маҳмадсаид Убайдуллоев дар шаҳри Москва то 26.10.2018 идома ёфта, тибқи барномаи сафар раиси Маҷлиси миллӣ пагоҳ дар кори Форум ширкат ва суханронӣ менамояд.
Чуноне ки ба мухбири СССР аз маркази матбуоти МММО-и кишвар хабар доданд, дар доираи Форум мулоқоти раиси Маҷлиси миллӣ бо раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии ФР Россия Валентина Матвиенко ва раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федералии ФР Вячеслав Володин дар назар дошта шудааст.
Бояд зикр намуд, ки Форуми VI байнипарламентии «Россия – Тоҷикис¬тон: нерӯи ҳамкории байн謬мин¬тақавӣ» таҳти раёсати Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев доир гардида, дар кори он аъзои Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералӣ, роҳбарият ва аъзои Ҳукумати Федератсияи Россия, субъектҳои он ва доираи васеи соҳибкорони ҳарду кишвар ширкати фаъолона меварзанд.
Дар ҳошияи Форум баргузории ҷаласаҳои Комиссияи ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ва панҷ мизҳои мудаввар оид ба мавзуъҳои: Такмили асосҳои ҳуқуқӣ — омили муҳимми ҳамкориҳо, Такмили раванди муҳоҷирати меҳнатӣ — тақозои замон, Рушд ва такмили ҳамкориҳои тиҷоратӣ – иқтисодӣ, Оид ба вазъи ҳамкориҳо дар соҳаҳои аграрӣ, саноати хӯрокворию маҳсулотбарорӣ (истеҳсоли саноатии молҳо) ва тадбирҳои иловагӣ доир ба такмили минбаъдаи онҳо, Вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои иҷтимоию гуманитарии Россия ва Тоҷикистон: илм, маориф, фарҳанг, тандурустӣ, доир мегарданд.
Маҳмадсаид Убайдуллоевро дар ин сафар Президенти Академияи илмҳои ҶТ Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ¬лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Неъматулло Ҳикматуллозода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Сумангул Тағойзода ва вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТШавкат Бобозода ҳамроҳӣ намуданд.
Ширкаткунандагони Форуми навбатии байнипарламентӣ таваҷҷуҳи махсусро ба такмилу таҳкими асосҳои ҳуқуқии ҳамкориҳо, ҳалли масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ, рушди тиҷорату иқтисод ва дигар самтҳои дахлдори тарафайн тавассути истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда равона хоҳанд кард.
Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Маскав масъалаҳои муҳоҷиратро баррасӣ хоҳад кард
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар