Сироҷиддини Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии ҶТ зимни нишасти матбуотӣ дар Брюссел эълон дошт, ки дар ошӯби шаби 7 ба 8 ноябри соли ҷорӣ дар маҳбаси №3-и ш.Хуҷанд 21 нафар исёнгар безарар гардонида шуд. Ба гуфтаи вазири Тоҷик, аксари исёнгарон нафароне будаанд, ки ба терроризм ва пайравӣ ба гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» маҳкум шудаанд.
"- Дар ин ҳодиса 21 ошӯбгар безарар гардонда шуданд. Маъмурони зиндон дар аввал хостанд, ки онҳоро ба муколама даъват кунанд, вале онҳо ба муқовимати худ идома дода, хостанд, аз маҳбас фирор намоянд. 12 нафар аз ошӯбгарон ба ҳайси узви ДИИШ дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок кардаанд. 3 нафар узви гуруҳҳои ифротиву террористии “Ансоруллоҳ”, Ҳаракати исломии Узбекистон ва Ҷундуллоҳ ва шаш нафари боқимонда маҳкум ба ҷиноятҳои вазнине ба мисли роҳзаниву куштор ва қочоқи маводи мухаддир буданд", - шарҳ додааст ӯ.
Ин нахустин шарҳи расмии мақомоти Тоҷикистон дар бораи ошӯби 2 ҳафта пеш дар зиндони №3-и ш. Хуҷанд рухдода аст
Сироҷиддин Муҳриддин: «Дар ошӯби зиндони Хуҷанд 21 нафар безарар гардонида шуд!»
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар