Тибқи фармони президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ҳакимзода Қурбон аз вазифаҳояшон озод гардида, ба ҷойи онҳо кадрҳои дигар таъин карда шуданд. Ҳамин тавр Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси вилояти Хатлон озод шуда, бо қарори Ҳукумати ҶТ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи ҶТ Ҳакимзода Қурбон ба вазифаи раиси вилояти Хатлон таъин гардид.
Ҳакимзода Қурбон, раиси нави вилояти Хатлон кист?
Ҳакимзода Қурбон соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик. Соли 1988 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемурро хатм кардааст. Номзади илмҳои кишоварзӣ мебошад.
Cолҳои 1988 – 1996 дар вазифаҳои агрономи хоҷагии ба номи С. Урунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Сельхозхимия»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муовини раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Облсельхозхимия»-и шаҳри Хуҷанд ва мутахассиси шӯъбаи Комплекси агросаноатии Ҳукумати вилояти Суғд кор кардааст.
Солҳои 1996 – 2008 ҳамчун раиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд, сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, муовини аввали сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд ва сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд фаъолият намудааст.
Солҳои 2006 - 2008 Муовини раиси вилояти Суғд, солҳои 2008 - 2010 Раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд, солҳои 2010 - 2013 Раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ва солҳои 2013 - 2018 Муовини якуми раиси вилояти Хатлон буд.
Аз соли 2018 то соли 2019 дар вазифаи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2019, №1176 раиси вилояти Хатлон таъин гардид. Бо забонҳои русӣ, узбеки ва англисӣ озодона ҳарф мезанад. Бо медали ҷашнии 20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ -заминсози №1 Тоҷикистон интихоб шуд
Бо фармони президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд. Ориф Хоҷазода, солҳои 2016-2019 ҳамчун муовини раиси вилояти Суғд оид ба масоили кишоварзӣ кор кардааст.
Раиси тозатаъини Кумитаи далатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ 31 марти соли 1970 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик.
Соли 1993 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров ва соли 2005 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемурро аз рӯйи ихтисоси муҳандис-заминсоз хатм кардааст.
Солҳои 1993-2015 дар вазифаҳои таъминотчии ЧФ МММ-ШИК, ёрдамчии раиси шаҳри Хуҷанд, мутахассиси дараҷаи якуми Кумитаи захира ва танзими замини шаҳри Хуҷанд, мутахассиси дараҷаи якум ва сармутахассиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд, раиси Кумитаи заминсозии ноҳияи Спитамен, раиси Кумитаи заминсозии шаҳри Қайроққум, муовини аввали раиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд ва Раиси Кумитаи идораи замини вилояти Суғд кор кардааст.
Аз соли 2015 то 2016 дар вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд фаъолият намудааст. Солҳои 2016-2019 ҳамчун муовини Раиси вилояти Суғд кор кардааст. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 январи соли 2019, №1174 раиси Раиси Кумитаи далатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардидааст.
Қурбон Ҳакимзода-раиси нави вилояти Хатлон
Матлабҳои дигар
ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД
_______________________________________________
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
- Деваштич: об нест, барқ проблема, картошка сӯхт... Назар
- Асрори мадрасаи Хоҷа Сарбоз Назар
- “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” Назар
- Резаахбор Назар
- Бародар қарори судро иҷро намекунад… Назар
- Таъминот кори мактаб нест Назар
- Абуҳанифа: таоруфи миллӣ ва Ислом Назар
- Беадолатӣ дар футболи тоҷик Назар
- Редаксия супориш дод: Чилучорчашма рав! Назар
- «Мардон» - мушкили №1 дар Душанбе Назар
- Дар як сатр Назар
- Адвокати хайрхоҳ меҷӯям… Назар