Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии ФР зимни сафари кори хеш ба Бишкеку Душанбе гуфт, ширкатҳои мо омодагии худро барои пайвастан ба лоиҳаҳои CASA-1000 ва ТАПИ, ки аз лиҳози энергетикӣ ҷолибанд, дар сурати манфиатдории кишварҳои дахлдор омода ҳастанд ба ин лоиҳаҳо ҳамроҳ шаванд.
CASA-1000 барои интиқоли қувваи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ шудааст ва сохтмонаш идома дорад. Тахминан 70% интиқоли қувваи барқ аз Тоҷикистон ва 30% аз Қирғизистон аст. Мувофиқи созишномаи тарафайн дар чаҳорчӯбаи CASA-1000 ба Афғонистон ва Покистон то 5 миллиард кВт/с қувваи барқ интиқол меёбад.
Лоиҳаи ТАПИ — ин сохтмони хати лӯлаи гази дарозиаш 1735 километр аз Туркманистон ба Афғонистону Покистон ва Ҳиндустон бо иқтидори солонаи 33 млрд метри мукааб газ мебошад, ки бояд бо маблағи $8 -10 млрд бунёд шавад.