ХАБАРИ ДОҒ

Сафири нави ИМА ба Тоҷикистон омад

  • Чоршанбе, Март 13 2019


   Сафири тозатаъйини фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷон Марк Поммершайм ба Душанбе омад. Дар ин бора дар изҳороти Сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар дода мешавад. Ӯ 22.02.2019 дар Вашингтон (ҳавзаи Колумбия) ба ҳайси Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карда буд.
    Ҷон Марк Поммершаймро 7.01.2019 Президенти ИМА Доналд Трамп сафир дар ҶТ таъйин намуд. То таъйини нав Марк Поммершайм ба ҳайси муовини сафири Амрико дар Қазоқистон фаъолият дошт. Аз ин пештар Ҷон Марк Поммершайм ба ҳайси директори Идора оид ба масъалаҳои Қафқоз ва АвруОсиёи Департаменти давлатӣ, ки масъул ба идораи бахши муносиботи ИМА бо Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон мебошад, кор кардааст.
    Давоми фаъолияти дипломатӣ ӯ дар мақомҳои гуногун дар Вашингтон (ҳавзаи Колумбия), дар шуъбаи сиёсии Сафорати ИМА дар Япония, Чин, Беларус ва Германия, ҳамчунин ба ҳайси Консули генералии ИМА дар Владивостоки Россия кор кардааст. Пеш аз ворид шудан ба хадамоти дипломатӣ, Поммершайм дар шабакаи телевизионии CNN (шабакаи телевизионии Амрико) дар Москва фаъолият карда, бо агентиҳои иттилоотии ИМА дар Гурҷистон ва Ӯзбекистон дар омодагӣ ва гузаронидани намоишгоҳи технологияҳои иттилоотӣ ҳамкорӣ намудааст. Поммершайм зодаи Питтсбург (иёлати Пенсилвания) ва дорои дараҷаи илмӣ дар донишгоҳҳои Бакнеллск ва Колумбия мебошад. Бо Наталя Поммершайм дар издивоҷ буда, 3 фарзанд дорад.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter