ХАБАРИ ДОҒ

Эмомалӣ Раҳмон: «Хатару таҳдидҳо андешидани тадбирҳои муштаракро тақозо менамояд!»

  • Шанбе, Июн 15 2019

 

 Эмомалӣ Раҳмон, Президенти ҶТ имрӯз зимни суханронии хеш дар ифтитоҳи ҷаласаи Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки дар ш.Душанбе сурат гирифт, аз таҳдидҳои рӯ ба рӯ ба минтақа гуфт. Аз ҷумла ӯ таъкид намуд, ки     айни ҳол минтақаи фарохи Осиё бо таҳдидҳое рӯ ба рӯ аст, ки дар пасманзари онҳо тақдири таърихии мардум дар роҳи саъю талошҳо баҳри рушди иқтисодию устувори муштарак ва пешрафт бо ҳам пайвастаанд.

    - Тоҷикистон зарурати пешбурди минбаъдаи талошҳоро ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва амният дар Осиё, таъмиқи ҳамкории бисёрҷанба ва татбиқи чораҳои эътимодсозиро дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, экологӣ ва башардӯстӣ дар доираи раванди МҲТБО таъкид менамояд. Аз замони Саммити охир дар минтақаи МҲТБО таҳаввулоти назаррасе ба вуқӯъ пайвастаанд. Зуҳуроти афзоишёбандаи терроризму ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ ҳамоно ба амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ хатар ба бор меоранд. Мубориза бо ин таҳдидҳо аз ҳамаи давлатҳои аъзои Машварат андешидани тадбирҳои муштараки таъхирнопазирро тақозо менамояд, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter