Хоҳарону бародарон, дӯстони азизу арҷманд ва гиромиқадр!!!!!!!
Бо амри Офаридгор ҳаёти одамизод абадӣ набуда, собитгари омадану рафтанҳост.
Ҳамсарам, ҳамсари вафодорам, нозбардору нозпарварам, волотар аз ҳама дӯстони ҷониям, сарчашмаи идроку илҳомам, осоиши рӯзгору дилпуриам дар роҳи пуршебу фарози ҳаёту фаъолиятам дар ҳама давру замонҳои зиндагиям, модари беназиру меҳрубон, гулпарвари хонадону фарзандони азизам, ки ҳамеша одобу масъулият, покию накӯкорӣ, инсофу адолат, сабру таҳаммул ва одамиятро меҳвари зиндагию ҳаёташон меҳисобиданд, роҳи охираташонро паймуданд.
Нури сафои имон дар чеҳрааш аён, рафт,
Хуршеди хона модар, хуршеди осмон рафт.
(Гулрухсори Сафӣ)
Дигар ҷояшон холист, аммо муҳаббату садоқати оиладорӣ, ҳамдилию вафодории беҳамто ва рӯҳи покашон бароямон ҷовидонист.
Худованд хонаи охираташонро обод ва фирдавси баринро барояшон насиб гардонад.
Аз ғамшарикӣ ва изҳори тасаллияти самимимонаатон нисбати мусибати оилавиям аз самими қалб сипосгузорам ва оид ба эҳтироми бевоситаю ирсолнамудаатон назди ҳар яки Шумо сари таъзим фуруд меорам.
Ҳамеша саодатмандию шодкомии рӯзафзуни Шумо ва хонаводаатонро аз даргоҳи ХУДОВАНДИ МУТАОЛ таманно менамоем.