Отабек Умаров-шавҳари Шаҳноза, домоди хурдии президенти Ӯзбекистон дар саҳифааш дар Инстаграм навишт, ки БДА Тошканд ӯро барои риоят накардани қоидаи ҳаракати роҳ штраф кард. Дар санади пардохти ҷарима дида мешавад, ки ӯ барои ҳаракат бо суръати баланд 1 млну 824 570 сум (бештар аз 200 доллар) ҷарима пардохтааст. Ӯро пас аз он ҷарима карданд, ки дар Инстаграм видеои ҳаракаташ дар яке аз кӯчаҳои марказии Тошкандро гузошт. Дар видео дида мешавад, ки ӯ мошини «Тесла»-ро бо суръати тақрибан 200 км/соат меронад.