ХАБАРИ ДОҒ

Вусъати нави ҳамкориҳо байни Душанбе ва Тошканд

  • Чоршанбе, Дек 04 2019

  Рустами Эмомалӣ, раиси ш.Душанбе санаи 3-уми декабри соли ҷорӣ бо сафари нахустини расмӣ ба ҳайси шаҳрдори Душанбе ба пойтахти Ҷумҳурии Ӯзбекистон-ш.Тошканд сафар кард. Ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии Тошканд ҳокими ин шаҳр Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев  истиқбол гирифт,- иттилоъ медиҳад Агентии миллии иттилоотии Ӯзбекистон «УзА».

    Рустами Эмомалӣ ва Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев баҳри иҷрои бандҳои Созишномаи ҳамкорӣ байни роҳбарони 2 пойтахтро, ки ҳангоми сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ва сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон моҳи августи соли гузашта ба имзо расида буданд, баррасӣ карданд. 

    Аз ҷумла, дар ин мулоқот масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ байни Душанбею Тошканд, инчунин тасдиқи барномаи ҳамкориҳои 2 шаҳр барои соли 2020 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Шералӣ Давлатов, СССР

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter