11.12.2019. Соат ба вақти Душанбе 10:33 дақиқа.
“Имрӯз мо ба ваҷд меоем, ки кишоварзони Чин дар заминҳои корами иҷорагирифтаашон дар чанде аз ноҳияҳои виояти Хатлон аз як гектар 65-67 сентнер ҳосили пахта мегиранд, аз деҳқонони тоҷик даъват мекунем, ки аз онҳо ибрат гиранд, таҷрибаи ҳамтоҳои чинии худро омӯзанд, лекин касе андеша намекунад, ки оянда ҳоли ин қитъаҳои замин чӣ гуна мешавад”, - изҳор дошт Саидҷаъфар Усмонзода зимни суханронӣ дар ҷаласаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ.
Раиси Ҳизби Демкорати Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки сохторҳои марбутаи Тоҷикистон вазъи заминҳои иҷорагирифтаи чиниҳоро пайгириву ташхис кунанд.
“Санҷидан лозим аст, ки онҳо чӣ гуна маводи кимиёвӣ истифода мекунанду ва оё баъди рафтани онҳо мо аз ин заминҳо ягон ҳосиле ба даст оварда метавониста бошем”.
Ба гуфтаи ӯ “Имрӯз аллакай ба туфайли тухмиҳои аз Чин ба кишвар воридшуда таъми пешинаи помидору бодиринг гум шудааст. Дар ташвишам, ки шафтолу ва себи тоҷикӣ низ ҳамин хел мешаванд”, - таъкид дошт Усмонзода.