ХАБАРИ ДОҒ

Ҳилолбӣ Қурбонзода-раиси нави Кумитаи кор бо занон ва оила

  • Панҷшанбе, Янв 09 2020

   Бо Қарори Раиси Ҳукумати ҶТ Эмомалӣ Раҳмон Қурбонзода Ҳилобӣ Ҷумъахон, ки то ба имрӯз иҷрокунандаи вазифаи ш.Норак буд, аз 8.01.2020 раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ таъин гашта, дар ин вазифа Қосимзода Идигул Тағоро иваз намуд.

   Инчунин, бо Қарори Раиси Ҳукумати ҶТ Эмомалӣ Раҳмон Давлатзода Зулфия Давлат муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ таъин гашта, Маликшоҳ Неъматов, ки то ин дам раҳбарии Раёсати кор бо мақомотҳои маҳалии Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ-ро бар ӯҳда дошт, аз 8.01.2020 иҷрокунандаи вазифаи раиси ш.Норак таъин гашт. 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter