Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода доир ба масоили вобаста ба делимитатсия ва демаркатсия дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар минтақаи Исфара ва Боткент ибрози назар карда, таъкид намуд, ки ҳоло аз ҷониби комиссияи байнидавлатӣ масъали додугирифти замин байни 2 кишвар идома дорад:
“Гуфтушунид рафта истодааст. Ман боварии комил дорам, ки масъалаҳо бо роҳи дипломатӣ ва гуфтушунид ҳал карда мешавад. Мо ягон ваҷаб заминро намедиҳем. Ворух анклав нест”,- гуфт раиси вилояти Суғд, зимни нишасти матбуотии худ ба рӯзноманигорон. Вале раиси вилоят, дар мавриди он ки Тоҷикистон кадоме аз минтақаҳои худро ба ҷониби Қирғизистон барои иваз пешниҳод кардааст, чизе нагуфт.
Қаблан итилоъ дода шуда буд, ки Қирғизистон 2 қитъаи наздисарҳадӣ – Ариқ-Аста дар деҳаи Оқсойи ноҳияи Ботканд ва Самарқандак дар деҳаи Самарқандакро барои иваз ба Тоҷикистон пешниҳод кардааст.
Гуфта мешавад, комиссия бо дарназардошти харитаҳои солҳои пешин масъалаи делимитатсия ва демаркатсия дар марзро баррасӣ дорад ва қарор аст, ки ҷонибҳо ба наздикӣ ба тафоҳум оянд. Ба иттилои сарчашмаҳо аз рӯйи натиҷаҳои 6 вохӯрӣ 134 харитаи топографӣ таҳия шудаанд. Гурӯҳҳои корӣ 120 километр қитъаи сарҳадро таҳқиқ карда, ба хулосае расиданд, ки дар ҳамаи харитаҳо 114 километр дуруст нишон дода шудааст.
Ҷоиз ба зикр аст, ки Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 504 километри он аломатгузорӣ шудааст. Азбаски 472 километри дигар то ҳол номуайян аст, сари ҳар вақт бо сабабҳои мухталиф муноқишаҳо дар минтақаҳои марзии ин 2 кишвар сар мезанад. Ба маълумоти сарчашмаҳо аз оғози соли 2019 дар сарҳади ҳамсоякишварҳо ҳудуди 10 низои марзӣ ба амал омадааст, ки бо марги чанд нафар аз сокинони Тоҷикистон ва ҳам Қирғизистон анҷомид.
Ҷаҳонгир Мирсалимов
Махсус барои СССР