Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Рашт, ш.Ваҳдат, ноҳияҳои Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин ва ҷамоати деҳоти Чоркуҳу Ворухи ш.Исфара аввалин шуда, дар мамлакат нақшаи даъвати баҳории ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишварро 100 фоиз таъмин намуданд.
Тавре масъулини мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ин вилоят ва шаҳру ноҳияҳо мегӯянд, ҷавонон ин бор бо хоҳиши худ ба комиссариатҳои ҳарбӣ омада, хостори хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ шудаанд.