Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст дар иртибот ба хуруҷи COVID-19 ба Италия 11 миллион дона ниқобҳои тиббӣ фиристад. Ширкати тавлидотии «Ҷавонӣ»-и ш.Хуҷанд дар ин маврид бо ширкатҳои итолиёвӣ созишнома ба имзо расонидааст.
Гуфта мешавад, ки ҳоло корхонаи саноатии «Ҷавонӣ» аз матои пахтагини ватанӣ дар як рӯз 20 -25 ҳазор дона ниқоби тиббӣ истеҳсол менамояд.