ХАБАРИ ДОҒ

Чипта нахаред, то фиреб нахӯред!

  • Панҷшанбе, Июн 04 2020

   Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ имрӯз бо паҳн кардани Изҳорот хабари дар баъзе расонаҳои воситаҳои ахбори омма дар бораи аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоӣ фурӯши чиптаҳо ба роҳ монда шудааст ва парвозҳои мунтазами байналмилалӣ аз Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баръакс иҷро карда мешаванд паҳншударо беасос хонд. 

   «Ин хабарҳо асоси воқеъӣ надошта, амалишавии парвозҳои мунтазами байналмилалӣ байни ду кишвари болозикр танҳо пас аз муътадил шудани вазъият оид ба вируси сироятии CОVID-19 ва эълони расмии ҷониби мақомотҳои ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад. 

   Дар робита ба ин, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ аз шаҳрвандони кишвар хоҳиш менамояд, ки ба ҳар гуна хабару овозаҳое, ки асоси воқеӣ надоранд, дода нашуда, аз харидории чиптаи ҳавопаймоӣ то нашр гардидани изҳороти расмӣ вобаста ба барқарорсозии хатсайрҳои мунтазам худдорӣ намоянд, зеро айни замон, парвозҳои мунтазам байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барқарор нагардидааст. 

    Бори дигар огоҳ карда мешавад, ки барқарорсозии парвозҳои байналмилалӣ аз/ба Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо пас аз беҳ гардидани вазъият вобаста ба бемории сироятии CОVID-19 роҳандозӣ карда мешавад. Бо беҳ гардидани вазъият вобаста ба вируси сироятии CОVID-19, оид ба барқарорсозии парвозҳои мунтазам расман эълон карда мешавад»,- омадааст дар Изҳорот.

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter