7.04.2021 дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҳайдар Усмонови н.Б.Ғафуров Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 мавриди истифода қарор дода шуд.
Лозим ба зикр аст, ки бинои наву замонавии МТМУ №23-и н.Б.Ғафуров бо иқдоми соҳибкорони боҳиммату ватандӯст Розиқов Абдухалил, Розиқов Абдуҷалил, Азимов Ҷӯрабой, Ҷӯраев Муродҷон, Азимов Олим, Иброҳимов Нозимҷон, Эгамқулов Мақсудҷон дар доираи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии ҶТ бунёд гардидааст. Иншооти мазкур аз 2 ошёна ва 16 синфхонаи барҳаво, утоқҳои таълимии муҷаҳҳаз бо технологияи муосир ва шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи насли ояндасози давлат иборат буда, барои 960 нафар хонанда дар 2 баст пешбинӣ шудааст.
Инчунин, дар ин рӯз бо ширкати Сарвари давлат дар деҳоти Унҷии н.Б.Ғафуров бинои нави маркази ташхисию табобатии “Тибби Сино”, маркази савдо бо тарабхонаи миллии “Файзулло” ва майдони Парчами давлатӣ ифтитоҳ гардиданд.