Ба ҳар 1 хоҷагии зарардида дар деҳаҳои Навобод-4 ва Навобод-5-и н.Абдураҳмони Ҷомӣ, ки манзилҳояшон бар асари фуруди ярчу лағжиши замин валангор гардидааст, дар маҳалли амн 10-сотихӣ замин барои бунёди хонаҳои нав ҷудо карда шудааст.
Ин нукта дар ҷаласаи Ситод оид ба рафъи оқибати офати табиӣ дар ноҳияи А. Ҷомӣ, ки зери роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода доир гардид, баён шуд. Ҷаласаи ситодро раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳ бахшида, итиллоъ дод, ки бар асари офати табиии 6-7 май 19 манзили зист пурра хароб гардида, зарардидагон феълан дар шаҳраки хаймаҳо будубош доранд. Ба онҳо кумакҳои тиббию равонӣ ва ғизоӣ расонида ва ҳамарӯза барои 150 нафар хӯроки гарми нисфирӯзӣ ва шомгоҳӣ дода мешавад.
Тавре мухбирони рӯзномаи «Хатлон хабар медиҳанд, роҳбари Ситоди ҷумҳуриявии рафъи оқибатҳои офати табиӣ дар н.Абдураҳмони Ҷомӣ, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода Сулаймон Исозода ба маҳалли бехавф кӯчонида шудани 235 нафар аз деҳаҳои офатдидаи Навобод хабар дод. Бино ба итиллои раиси н.Абдураҳмони Ҷомӣ Сафармаҳмад Раҳимзода, тибқи арзёбии пешакӣ, ҳаҷми талафот аз ҳисоби 82 гектар замини киштшуда 779 ҳазор сомониро ташкил додааст.
То имрӯз 6000 литр сӯзишвории дизелӣ барои рафъи оқибати офати табиӣ, инчунин ба зарардидагон 2 тонна орд, 1 тонна картошка, 500 кг биринҷ, 500 кг шакар, дигар анвои маҳсулоти ғизоӣ, маводи гигиенӣ ва асбоби рӯзгор кӯмак расонида шудааст.