ХАБАРИ ДОҒ

Батко Лукашенко ё худ «Лукаи Муқаддас»-президенти Беларус оламро ҷумбонид! Ин бор ӯ бо усули Сталинӣ яке аз оппозитсионерҳои сарсахту пургӯяшро дар осмон қаппид! Чигуна? Оддиякак.

Самолёти ширкати ирландии Ryanair, ки дар баробари 171 мусофир, Роман Протасевич ва арӯсдухтараш София Сапегоро низ бояд аз Афини Юнон то Вилнюси Литва мебурд, рӯи ҳарими ҳавоии Беларус ҳушдор гирифт, ки дар таркибаш бомба дораду оҷилан бояд дар Минск нишинад. Баъди 5 соати «ҷустуҷӯ» маълум шуд, ки бомбае дар ҳавопаймо нест.169 пассажир ба курсиҳои худ нишастанд ва танҳо баъди парвоз диданд, ки 2 курсие, ки каме пештар дар он ҷо 2 навҷавон бӯсу канор доштанд, холист!

Террористи президентӣ

Роман Дмитриевич Протасевич ва Степан Путило-асосгузорони Телеграмм-канали  NEXTA чанде қабл, бар асари ҷангҳои итиллоотӣ ва даъвати мардум ба тазоҳуроту низоъ бар зидди режими Батко Лука, аз рӯи 3 банди ҷиноии Беларус, террорист эълон шудаву ғоибона ҳукми қатл гирифтанд. Романи ҷавони 26 сола аз куҷо медонист, ки бо Рӯбоҳи Пир-Лукашенко бозӣ кардан бо думи шер бозидан аст. Зимнан соли 2019, баъди кор дар Радиои амрикоии «Свобода» ба Полша рафтаву он ҷо гурезаи сиёсӣ шуд. Таври маълум, ҳоло Полша давлатест, ки тавассути он НАТО нақшаҳои табаддулоти давлатии хешро дар кишварҳои пасошӯравии худкома пиёда менамояд. 

Соли 2020, баъди интихоботи президентӣ Роман Протасевич ва Степан Путило тавассути Телеграмм-канали  NEXTA мардумро ба майдон кашиданд ва маркази итилоотии оппозитсияи Лукашенко маҳсуб мерафтанд. 

 Светлана Тихановская, проекти нави Ғарб, ки дар рақобат бо Лукашенко варшикаста шуда буд, дар ин сенарияи антибеларусӣ нақши 3 дараҷа низ надошт. Нақши калидӣ ва асосиро маҳз Протасевич мебозид. Зимнан Александр Лукашенко Светкаро ба Литва ҷавоб додаву мунтазири боздошти Ромка-«муши калонӣ» шуд.

Пирати ҳавоӣ

Фурудсозии ҳавопаймои Иттиҳоди Аврупо ва боздошти ҳавоии «Душмани №1» оҷилан дар кулуарҳои давлатҳои калон фурор ба амал овард. Аксарияти кишварҳои Аврупоӣ ҳарими ҳавоияшонро ба рӯи Минск баста, зумрае аслан парвоз аз болои Беларусро қатъ карданд. Амрико, Полша, Литва, Юнон, Англия Лукашенкоро пират-ғоратгари ҳавоӣ хонданд. Маскав кори Баткоро истиқбол намуд. Вале бо ин ҳама пашори Батко намебараду хобаш шояд баъди 12 моҳи ахир, ин шабу рӯз бароҳаттар шуд. Зеро ӯ кори намешуданӣ кард:

-Душманашро аз осмон қаппид!

Баъди ин инсидент кӣ гуфта метавонад, ки Лукашенко наметавонад?

PS: Ҳоло хабарҳо мерасанд, ки Рома Протасевич дар шаби аввали боздошташ тамоми нақшаву ният ва спонсорҳои инқилоби беларусиро фош кардаву ҷон ба саломат бурданист.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter