ХАБАРИ ДОҒ

 

08.10.2021. Виталий Кличко-чемпиони ҷаҳон дар вазни мутлақи бокс, депутати Украина аз ҳизби «Удар» аз кумитаи амният дархости депутатӣ кард, ки Иля Кива ҳабс шавад. Гуноҳи Иля «воқеан нобахшиданист!». Зеро ӯ Путинро бо зодрӯзаш табрик кардааст.

07.10.2021. Иля Кива аз ҳизби оппозитсионии «За жизнь» дар саҳифаи Телеграмми худ ВВП-ро табрик гуфта навишт, «Шумо саҳифаи нави таърихи славянҳои оламро менависед!».

09.10.2021. Скандал! Ҳангома!! Вовайло шояд хамӯш мешуд, агар собиқ вазири нақлиёт ва алоқаи Украина, Евгений Червоненко баъди ин иддаои Кива ба сарвари Киев наменавишт, ки «Шумо бояд ин корро мекардед!» ва мисол оварда афзуд, дар зодрӯз ҳама якдигарро мебахшанд ва агар Владимири украинӣ Владимири питериро табрик мекард, осмон бар замин намефаромад.

20.02. 2014 – 26.03. 2014. Пас аз аннексияи Қрим, 2 кишвари славянӣ дар ҳолати ҷанг қарор доранд. Бо сари кор омадани Зеленский интизор мерафт, шояд кору бор ҳаллу муносибот васл шаванд. Барои ҳамин ҳам ӯро мардум аз курсии масхарабозӣ то раисӣ овард, вале маълум шуд, ки « не тут-то было!».

Дар ҳолате, ки Киеви расмӣ мехоҳад дар нисбат ба Кремл санксияҳои бештаре қабул шаванд, ВВП парвое надорад. Зеро таври ногаҳонӣ нархи газ, сарвати асосии ФР, дар арафаи фасли сармо, боло ҷаҳид. Ҳоло нархи 1 метри мукааб гази урусӣ 1100 доллар шудааст. Аз биржаи Норвегия, содироткунандаи аслии газ, пас аз Россия, хабарҳои доғтар ба Киев мерасанд. Нархи 1 куб газ дар ин ҷо аллакай $1123 гардид.

11.10.2021. То ҳамин рӯз Украина умед, бовар, орзу дошт, ки Иттиҳоди Аврупо, ба вежа Германияи дӯсташ, Россияро аз проекти «Северный поток-2» садд мегузорад. Зеро таври маълум Киеви расмӣ чун кишвари интиқолгар аз гази Россия-Аврупо даромади ҳангуфте дошт. Маскав низ нархро барои Аврупо боло мекард. «Северный поток-2» таври маълум боз шуд ва тамомии талошу кӯшишҳои Зеленскийро дар Аврупо ба 1 гривна нагирифтанд. Зеро бизнес бизнес аст!

Кам не-ғам не, Зеленский ва ҳукуматаш танҳо бо кушодашавии лӯлаи нави газ ба Аврупо аз 5 то 6 млрд доллар зиён мебинанд!!! Ин пуле буд, ки новобаста ба муносиботи сард Маскав ба Киев медоду муштзанҳои депутатшудаи РАДА онро намедиданд. Акнун ба Киев на танҳо хисороти барзиёд, ки…сардиҳои гӯшношунид низ таҳдид мекунанд

Ҳамин аст, ки аз Амрико оҷилан муовини вазири хориҷии худ Виктория Нуландро ба Маскав равон карду маълум шуд ба Нуланд виза дода намешавад. Зеро маълум шуд, хонум Виктория, ки ба тазоҳургарони Майдани Киев бо дасти худ «бутерброд» медоду зидди Маскав таҳрик, зери санксияҳои Маскав будааст. Амрико барои даромадани Нуланд оҷилан санксияҳои чанд чиновники русиро лағв намуд. Гуфта намешавад, онҳо кистанд, вале то ҷое медонем, Вашингтон, фарзи мисол, воридшавии Рамзан Қодирови чеченро ба Амрико манъ карда буд, ки Ахматович, ки воқеан ҳам, аввали октябр расо 45 сола шуд, бо лабханд гуфт:

-Ман ҳам акнун ошиқи Амрико не, ки зиқ шавам…
Зодрӯз муборак, Рамзан Ахматович ва Владимир Владимировичи мӯҳтарам. Мо Метавонем!

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter