ХАБАРИ ДОҒ

 

Гарав мебандам, бо шунидани ибораи болдори фавқ, пеши назар 9 млн Тоҷик, симои 1 нафар меояд, ки 30 сол боз муҳофизи Шахсияти №1 аст. Вале мо ин бор дар бораи телех, муҳофиз ё худ ҷондорони президентҳои дигар нақл мекунем.

Бе «телех» ягон сарвари олам буда наметавонад. Ҳатто Куруши Кабиру Искандари Мақдунӣ ва…шояд боваратон наояд, Рустами Достону Суҳроби Ял низ бе телех набуданд. Зеро телех амнияти шоҳу сарвару президентонро соате таъмин мекунад, ки соҳиб дар фароғат аст, ғафлат аст, истироҳат дорад, сафар мекунад, бо мардум во мехӯрад ва ғ. ва ҳ.

Хулласи калом, телехҳои Президентони Чин аз қадимулайём бо исми «Аждаҳори Президентӣ» ном доштанд.

Сар аз соли 1949, ки нисфи ҷаҳон майли куштани коммунисти №1 дар олам Мао Дзидунро дошт, компартияи Хитой шуъбаи махсуси ҳифзи пешвои миллати Чинро кашид. Дар аввал 6 кас ба он шомил буданду сарвараш Вун Дунсипу ҳамяроқ ва дӯсти наврасии Мао шуд.

Баъдан, ки ҳатто Маскави Хрушёвӣ низ тавъам бо Вашингтон бо Мао душман шуданд (Мао соли 1953 вақте Сталинро беқадрӣ карданд, аз Маскав рӯ тофт!) талабот ба телехҳо бештар шуд.

Ҳамакнун муҳофизони президенти Хитой бояд аз тамомии силоҳи мавҷуда бо 2 даст ва бе хато мепарронданд, қомати баланд, бадани варзида ва муҳимтар аз ҳама аз нажоди пок-хитоии тоза мешуданд!

2 тан аз 1 шаҳру ноҳия ҳич гоҳ телехи президент шуда наметавонист. Аз 1 вилоят мумкин буд. «Ҳамшаҳрии курук»-гуфти Бобои Ғулом не. Зеро метавонист ба “заговор” оварад.

Соли 1950 бо дархости Ғарб бояд Маои Бузургро бо тири мушакпарто мекуштанд. Террористон дастгир ва қатл шуданд. Баъди ин, дар соли 1950 гурӯҳи ҳазорнафараи “Отряди 001” таъсис ёфт. Ин отряд дар соли 1959 номи рамзии 3747 ва дар соли 1964 исми 8341-ро гирифт. Зеро муллои бутпарасте ба Мао дар кӯдакӣ гуфта буд, ки 83 сол умр мебинаду 41 сол сарвари Хитой мешавад (ва ҳамин тавр ҳам шуд).

Телехҳои Маои Бузург на танҳо ҳарбиёни хуб, ки доно низ буданд. Зеро сар аз соли 1950 ҳамаи телехҳои ӯ дар казармаҳои сарбозӣ ҳатман ба илму дониш ва хондан машғул мешуданд, маҳс-массажи вождро беҳтар аз дигарон мекарданд, бе садои Мао амрҳояшро аз нигоҳаш ҳис ва иҷро менамуданд.

Гурӯҳи 8341 баъди марги Мао низ хеле пурқудрат буд ва дар сари кор омадани Хуа Гофен дар ҳарби сиёсиву давлатӣ бо дигарон, нақши ҳалкунанда бозиданд. Барои ин дастгирӣ сарвари нави Хитой-Хуа Гофен генерал Ван Дунсин-фармондеҳи билоивази “Гурӯҳи 8341”-ро, муовини хеш эълон кард....

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter