ХАБАРИ ДОҒ

   

 25.07.2022. Соат бо вақти Душанбе 20:27 дақиқа. Бо дастур ва ташаббуси бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 146 шаҳрванди Тоҷикистон бо ҳавопаймои чартерӣ аз Сурия ба Ватан баргардонида шуданд.

 ***

   25.07.2022. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Шарифхон Нураҳмад иҷрокунандаи вазифаи раиси н.Варзоб таъин гашта, Маҳмадулло Шерализодаро иваз намуд.

 ***

-Ғафурзода Тағоймурод сардори Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ ва Комилбек Амид Ёрбек ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ таъин шуд.

 ***

   -Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ФР дар нимсолаи аввали соли равон 204.820 нафар  бо шумули 104.168 укроинӣ шаҳрвандии Россияро гирифтаанд: Тоҷикон баъди хохолҳо дар ҷои 2 қарор доранд.

 ***

- Хадамоти гумрук мегӯяд, Тоҷикистон нимсолаи 2022 ба Хитой беш аз 2 тонна тилло бо маблағи $128 млн содирот кардааст: коршиносон аз Шветсия ба Пекин интиқолёбии «драгметал»-ро ба сангарҳои зиддирусӣ ва дилсардии кишварҳо аз Шветсарияи проамрикоӣ баста мекунанд.

 ***

-Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар 6 моҳи соли 2022 бар асари ҳодисаҳои фавқуллода 8 нафар ҷон бохтаанд.

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter