ХАБАРИ ДОҒ

 

Ҷанге, ки дар Украина ҳамакнун 8 моҳ шуд мегузараду расонаҳои мо роҷеъ ба он хомӯшанд, ба назар мерасад, ки ба 1 ҷанги фейкӣ ё худ интернет-таблиғотӣ табдил шудааст. Зеро расонаҳои Украинаро хонӣ, русҳоро ким-кай варшикаста кардаанду  интернети русиро бинӣ, паҳҳҳҳ, ҷаррасти Украинаро баровардаанд.

Ҳарчӣ ҳам буду ҳар чӣ ҳам нест, газетаи мардумии СССР бар назар аст, соате расида, ки ин ҷанги бемаънитарин миёни 1 миллати славянӣ қатъ ва мавзуъ паси мизҳои гуфтушунуфт ҳаллу фасл шавад. Вале бузургон боз хубтар медонанд.

Сухан сари ин аст, ки ҷанг ё худ амалиёти ҳарбӣ кайҳо ба ҷанги 3-уми ҷаҳонӣ табдил кардааст. Хоҳем ҳам чунин асту нахоҳем ҳам ҳамин аст. Ва ин ҷанг, шахсан аз нуқтаи назари сирф фардии мо, ки метавонад хато бошад (Худо кунад, ки хато бошад!), тамоми оламро бар коми бало мекашад. Ин дар ҳолест, ки В.В.Путин сари ин ҳафта «аз хатари атомӣ» ҳарф зад. Ин ҳоло даъват ба ҷанги ядроиву ҳастаиву атомӣ нест. Садри Кремл гуфт, бар асари ҳамлаҳои артиши Украина хатар аст, ки ЗАЭС (Запорожская атомная электро станция) таркад ва он гаҳ нисфи Украина, қисмате аз Россия ва бахши аъзами Аврупо маҳв мешавад.

Сари хатари таркиши атомӣ МАГАТЭ-созмони нозири стансияҳои ҳастаӣ низ борҳо бонги изтироб задааст. Вале ба гуфти Бобои Ғуломи иштирокчии ҷанги воқеӣ, на фейкӣ, дар ин моваро «Кӣ гушут мекуна? Ура немис меган!»…

Воқеан ҳам дар Кремл ҳамакнун сари «қасоси немисҳо дар ҶБВ аз русҳо ва халқи советӣ» баҳсҳо меравад. Яъне Германия тавассути Киев мехоҳад аз Маскав қасди шикасти 77 сол қаблияшро ситонад. Боз ҳам гуфти Бобои Ғулом «Бобои Сталин, ки нестай…».  Дар навбати худ русҳо бори дигар Германияро ба қатли оми солҳои 1941-45 муқассир дониста, аснод тартиб дода, Олмонро ба додгоҳи башарӣ кашиданианд.

Дар ҳамин маврид Киев гуфтааст, нерӯҳояш 30 маҳалларо дар вилояти Харков бозпас гирифтав садҳо километр русҳоро ба қафо партофтаст ва ВСУ (Армияи Украина) иддао дорад, ки Запорожеро низ мегиранд. ЗАЭС дар ҳамин мавзеъ ҷойгир асту зери контроли Армияи Рус. Шабакаҳои ҳарбии русӣ низ ахиран дар бораи «шикасти муваққат, ақибнишинӣ ва беиттилотии разведка» баҳс карданд, ки аз пирӯзии бигзор муваққатии ВСУ гувоҳӣ медиҳад. Камтарин коре, ки дар ин 8 моҳ расонаҳои расмии ФР мекарданд. Пас ин ҷо воқеан ҳам вазъият шадид шудааст.

Аз сӯи дигар Маскав Вашингтон ва Лондонро дар ин ҷангу хунрезӣ муттаҳам мекунад ва иддао дорад, ки НАТО бевосита ба ин ҷанг шарик гаштааст. Кремл гуфт, тарҳи набарди ахир дар Вашингтон кашида шуда буд ва НАТО мавзеъҳои низомии русиро ба разведкаи хохолӣ фош месозад. Табиист, ки НАТО худро мусичаи бегуноҳ мегирад. Вале мо ва худашон ҳам медонанд, ки инҳо мусича нестанд…

13.09.2022. Нуқтаи муҳим дар ин ҷанг он шуд, ки Нерӯҳои Рамзан Қодиров, ки дар аввали «амалиёти ҳарбӣ» Артиши Украинаро шикаста, чандин шаҳру навоҳиро ишғол карда буданду пасон ба тарзи мармуз аз ҷанг бадар шуданд, дубора ба Украина баргаштанд. Ҳамакнун «Полки Аҳмад» (чеченҳои сахт ҷангдидаи Ахмад Қодирови раҳматӣ, падари Рамзан) бо шумули 1300 ҷангозмудатарин мардони Грозний сар аз ҳамин рӯз ба набард медароянд. Воқеан ҳам дар оғози ҷанг, роҷеъ ба шиорҳои ҷангии ин полк аниқ…доте нашр гашта буд:

Услышав крики «Аллах Акбар!!!», мы перекрестились и сказали:

-Слава Богу, наши пришли…

Худо кунад,  ин ҷанг, ки бо аник…дот сар шуда буд, бо аникдот ва ханда анҷом ёбад. Мо Метавонем!

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter