- Антонео Гуттериш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, маҳдудияти ҷинсии Толибонро золимона хонда, хостори ба мактаб бозгардии духтарон шудааст.
- Арабистони Саудӣ барои сафари Ҳаҷи фарзӣ ба Тоҷикистон дар соли 2023-юм 7 ҳазор квота ҷудо кард.
- Намояндагии ВКД Русия дар Тоҷикистон оид ба масоили муҳоҷират аз 20.01.2023 қабули шаҳрвандонро барои иштирок дар Барномаи давлатии кӯчбандии ихтиёрӣ ба Россия аз сар гирифт.
- Дар соли 2022-юм 60 блогери тоҷик ба буҷаи давлат 1 млн 359 ҳазору 700 сомонӣ андоз пардохт кардаанд.
- Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо судури 1 амр воридот ва фурӯши доруи “ДОК-1” ва “Док-Макс”-ро, ки дар ҳамсоякишвар боиси фавти атфол шудааст, манъ кард.
- 29.01.2023 дар Боғи фарҳангию фароғатии А.Фирдавсии ш.Душанбе бо ибтикори Вазорати кишоварзии ҶТ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе ҷашни Сада ва намоиш-фурӯши ниҳолу тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мегардад: Марҳамат ба ҷашни Сада!