ХАБАРИ ДОҒ

Қубодиён: чаро ба намояндаи ҳукумат нагӯем?

  • Чоршанбе, Апр 26 2023

 

Аз оғози фаъолияти корӣ то ин муддат маротибаи дуюм аст, ки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, Гулнора Ҳасан дар бастагӣ ба ҷашни 35 солагии Истиқлолият ба н.Қубодиён сафари корӣ анҷом медиҳад. Маротибаи аввал дар ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва санаи 13.04.2023 дар ҷамъбасти натиҷаҳои семоҳа. Аммо қабл аз ин ҳам бо даҳҳо каму косте, ки дар ноҳия дорем, дар ҳеҷ маврид фаъолони ноҳия зимни дидору вохӯрӣ бо бонувазири масъул мушкили худро дар миён нагузоштанд, яъне ҳеҷ талабу дархосте аз номи халқи меҳнаткаш пешниҳод карда намешавад. Ҳол он, ки Вазир тавассути 1 занги телефонӣ имкон дорад даҳҳо мушкилро ҳал намояд. Интизории мардум ҳам аз Вазир ва намоянда танҳо ҳамин аст.

Ин дафъа низ 1 нафар фаъоли дилсӯзе пайдо нашуд ба Вазир гӯяд, ки дар арафаи иду ҷашнҳо дӯзандагони ангуштшумори қубодиёнӣ 1 пироҳани одиро ба қимати 100-150 сомонӣ медӯзанд. 2 корхонаи дӯзандагии дар Қубодиён арзи вуҷуд дошта, бо номҳои “Мастура”-ву “Мавлуда”, ки ба дӯхту тиҷорати сару либоси мактабӣ машғуланд, фаъолияташон пушти дарҳои баста мақоли “Боғбон боғ дорӣ...”-ро ба ёд меорад. Ҳамагӣ бо 4-6 нафар зани дӯзанда он арқомеро дар 3-моҳа корхонаи Мастура Авезова 4500 адад, Мавлуда Турғунова 2500 адад ба омор пешниҳод кардаанд, ки кас аз шунидан ҳуш аз сараш мепарад. Ҳатто корхонаи “Ёқут”-и пойтахт, ки дар 2-3 баст кор мекунад, тамоми таҷҳизоти ҷадидро дорост назди ин 2 корхонаи бо ном дар Қубодиён мавҷуд буда, фаъолияташ ба сифр баробар аст, гарчанде мо медонем, ки чунин нест.

Ҳатто ҳеҷ гоҳ нашудааст, ки бахши омор (воқеан вазирабону то ин дам садри ун ниҳод буданд) барои санҷиши саҳеҳияти арқоми пешниҳодшуда ба суроғи ин корхонаҳо рафта бошад. Рақобат ба ҷое расидааст, ки фаъолияти корхонаи “Дилангез” роҳбараш соҳибкори инфиродии навкор Гулбаҳор Норқузиеваи Қубодиёнӣ аз рӯи ворид нагардидани ҳисоботаш ба омор маълумамамон гардид, ки доираи фаъолияташро маҳдуд намуд. Ин амали масъулони қубодиёнӣ назди Вазир ба чашми халқ хок пошидан асту бас!

Адолат Сайфуллозода,  

сармуҳаррири рӯзномаи «Тахти Қубод»

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter