ХАБАРИ ДОҒ

  - Ҳукумати Ҷумҳурии мардумии Чин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 400 млн юан (ҳудуди 57 млн доллар) кумаки бебозгашт ҷудо мекунад.

    - Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонун “Дар бораи алоқаи барқӣ”-ро дар таҳрири нав таҳия намуд, ки дар он, аз ҷумла баланд бардоштани ҳаҷми ҷамъоварии пардохтҳои ҳатмӣ аз таъминкунандагони хидматрасониҳои телекоммунакатсионӣ пешбинӣ мешавад.

    - Федератсияи Россия шумори квотаҳои таҳсилро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши 2023-2024 то 1000 ҷой зиёд кард.

   - Машғулияти таълимӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ барои хонандагони синфи 1-ум 25 май ва барои хонандагони синфҳои 2-11-ум 1 июни соли 2023 ба анҷом мерасад.

    - Аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 ва 10-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз 3 то 10 июн, инчунин аттестатсияи хатми синфҳои 9-и муассисаҳои таҳсилотӣ аз 3 то 15 июн ва аттестатсияи хатми синфҳои 11-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 3 то 20 июн гузаронида хоҳад шуд.

 

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Китобҳо

Flag Counter